3.1 C
Dushanbe
24.11.2025

БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ СУҲРОБ ЗАФАР

24 ноябр рӯзи таваллуди яке аз ҷавонмардони барҷаста, муборизи роҳи ҳақ ва шахсе мебошад, ки муҳаббат ба Ватан ва адолатро аз ҳама чиз боло мегузошт Суҳроб Зафар.

Суҳроб Зафар 24 ноябри соли 1978 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар муҳити содда ва меҳнаткаши мардум ба воя расид. Аз овони ҷавонӣ бо хислатҳои оромӣ, боадабӣ, ростқавлӣ ва сабру матонат шинохта мешуд. Ӯ соли 1995 мактабро хатм карда, бо ҳисси баланди ватандорӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт ва дар Гвардияи миллии Тоҷикистон бо садоқат хизмат кард.

Суҳроб ҳамеша чӣ дар ҳаёти шахсӣ ва чӣ дар вазифа шахси ростқавл, поквиҷдон ва далер буд. Ӯ аз тамоми зулм, беадолатӣ ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон норозигии худро ошкоро баён мекард. Махсусан пас аз боздошти генерал Ғаффор Мирзоев ки аз наздикон ва ҳамфикрони ӯ буд фишорҳо ва таҳдидҳо ба сари Суҳроб зиёд шуданд.

Ба сабаби ростқавлӣ ва сар хам накардан дар назди зулм, ӯ маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк намояд, то ҳам худро ҳифз кунад ва ҳам роҳи муборизаро идома диҳад.

Баъд аз рафтан ба Русия, Суҳроб Зафар бо Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ шуд. Онҳо соли 2012 дар шаҳри Маскав Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро бо дигар муборизон таъсис доданд. Ин ҳаракат садҳо муҳоҷирро бедор кард, ба онҳо шуҷоат бахшид, то ҳуқуқҳои худро талаб кунанд ва зидди режими диктатории Раҳмонов истанд.

Суҳроб дар баробари ҳама хатарҳо ҳамеша дар миёни мардум буд, бо мардум суҳбат мекард, ба онҳо рӯҳия медод ва онҳоро ба бедорӣ, иттиҳод ва адолат даъват мекард.

Суҳроб Зафар дар вақти роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” буданаш бо режими диктаторӣ муборизаи худро пурқувват кард, зеро роҳбари намунавӣ ва ҳарбӣ буд. Аммо мутаассифона соли 2024 мақомоти Тоҷикистон бо ҳамдастии сохторҳои Туркия ӯро ғайриқонунӣ рабуда, ба Душанбе интиқол доданд. Моҳи августи ҳамон сол додгоҳе, ки мустақилият надорад, ба ӯ 30 соли зиндон дод ҳукме пурра сиёсӣ, тӯҳматомез ва зидди ҳуқуқи инсон.

Сухани охирини таърихии Суҳроб
Вақте судя аз ӯ пурсид:
«Оё шумо пушаймонед?»

Суҳроб Зафар бо овози устувор ва дилпур ҷавоб дод:

«Ман ҳеҷ ҷиноят зидди инсоният накардаам. Ман танҳо барои халқи худ мубориза бурдам ва аз ин ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам…».

Ин ҷумла барои таърих боқӣ монд ҳамчун рамзи ҷасорат, ростӣ ва садоқат ба миллат.

Аз даргоҳи Илоҳӣ дуогӯ ҳастем, ки дар фурсати наздик озод шуда ба халқу мардуми худ хидмати худро идома диҳад. Омин.

Бори дигар зодрӯзат муборак бод, бародари муборизу шӯҷоъ!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза