-0.9 C
Dushanbe
27.12.2024

БАНД ДАР ПО НЕСТ …

Вақте саҳифаҳои тарихро варақ мезанем, беихтиёр шоҳиди бедорӣ ва раҳо шудани миллатҳои бузург аз банди ҷаҳолат, зулму нобаробарӣ ва ҳокимони ҷабргарои он даврон мегардем. Ғайр аз он ҳама ҷонфидоиҳо ва озодманишии он мардум нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки чигуна озодихоҳону равшанфикрони гузашта бо вуҷуди камтарин имконоти иттилоърасонӣ ё ба қавли имрӯза ВАО (Васоити ахбори омма), тавонистанд ҷамъиятро дунболи худ бурда зери як идеяи ягона гирд оваранд? Дар ин замина аз инқилобҳои кибири Фаронса, Холланд гирифта, то инқилоби Куба, мамлакатҳои Аврупои шарқӣ ва Осёи ҷанубӣ ва ғ. намунаҳо фаровонанд.

Давраи муосир, ки ба асри густариши бесобиқаи илму техника ва ба хусус оламгир гардидани ВАО ном гирифтааст, шоҳиди сокинони як теъдод мамлакатҳое ҳастем, ки дар хоби ғафлат ва зери юғи сардамдорони зирак ва истисморгар мебошанд. Дар қоррае чун Африқо ё ҳамин Осиё мардумон ва гурӯҳҳои васеъи иҷтимоъие вуҷуд доранд, ки аз назари тамаддуни навин бебаҳра мондаанд. Ҳатто саводнокии умумияшон дар сатҳи хело поён аст. Вақте сухан аз Ҷумҳӯрии Точикистон меравад, лозим ба зикр аст, ки мероси Шӯравии собиқ ин бешак маорифи умумӣ, илму техника, зербинои иқтисодӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон низ саҳми худро дарёфт намудааст. Ҳамин омилҳои зикршуда буданд, ки пас аз барҳамхӯрии «Иттифоқи Советӣ» як қатор ҷумҳӯриҳо бо дарёфти истиқлолият, тавонистанд давлатҳои миллии устувор ва дорои бозори дохилии (иқтисоди миллӣ) дар ҳоли рушдеро барпо намоянд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷумҳӯриҳоест, ки ҳанӯз истиқлолияти пурраро ба даст наоварда, вориди саҳнаи ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар натиҷа аҳолӣ дар асоси эътиқод, маҳал ва ғайра дидгоҳҳои иҷтимоиву сиёсиашон таҷзия гардиданд. (Аз онҷо, ки падидаи зикршуда як мавзӯъи калон буда, баҳсу баррасии он таваҷҷӯҳи хосро металабад, дар ин навишта ба омилҳо ва фарҷоми он намепардозем.) Инак аз замони истиқлоияти Тоҷикистон дақиқан чоряки аср мегузарад ва аллакай насли дуюме ба воя расидаистодааст, ки даврони шӯравӣ ва шикасту рехтҳои ҷанги шаҳрвандиро амалан дар ёд надоранд. Имрӯза наслҳои зикршуда дар кадом шароити маишӣ ва рӯҳӣю равонӣ ба воя мерасанд? Ин ҷавонон то чӣ андоза ба сарнавишт ва фардои худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд? Бо ин вазъият ояндаи худро ҳамчун нерӯи аслии пешбарандаи давлату ҷамъият чигуна тасаввур мекунанд? Инҳо ва чандин саволи дигар вуҷдони инсонро ором намегузорад.

Ба назар мерасад ниёзи чандоне ба баррасии дақиқи вазъияти маориф, иқтисод ва ғайра соҳаҳо дар Тоҷикистони имрӯзӣ нест, чун аксарият ҳатман аз ҳолати ногувор ва асафбори ҷумҳӯрӣ огоҳӣ доранд. Бо дигаргун шудани вазъият дар минтақа ва тағироти ҷиддӣ дар самтҳои геополитика ва тавозуни қудрат, ҷумҳӯрии Тоҷикистон низ бо хатарҳои гуногун рӯбарӯ шуда истодааст. Натиҷаҳои амалкарди суст ва нокифоя дар ростои бино намудани як давлати миллии мустақил, дорои бозори босуботи иқтисодӣ ва ҳифзи ягонагии териториявӣ инак маълум гардида истодааст. Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ низ дучори бӯҳрон шуда, фасоди молию идорӣ дар рагу пайванди ҳукумат ҷой гирифтааст. Аз вазорати вазорати маориф гирифта, то баландтарин идораҳои калидии мамлакат гирифтори ин вабо гардидаанд. Камбӯдии ҷиддӣ дар таъмини кадрҳои мутахассису босавод дар ҳамаи вазорату идораҳо вуҷуд дорад. Инчунин дар сиёсати хориҷӣ ва баҳсҳои минтақавӣ Тоҷикистон ҳеҷгоҳ мавқеъи устувор надоштааст.

Танҳо бо истифода аз раъйи вакилони парлумон вогузор намудани қитъаи замини Тоҷикистон ба Чин, баҳсҳои нотамоми сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя, масъалаи истифода аз захираҳои обӣ ва низоъҳои вобаста ба он ва ғайра мавқеъгириҳои ғалат худ гувоҳи ноӯҳдабароии ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати минтақа ва байнулмилал аст. Аз ҷониби дигар хатари терроризми байналмилалӣ ва осебпазирии Тоҷикистон дар муқобили зуҳуроти он нигаронкунанда аст. Инчунин дар сафи гурӯҳҳои экстримистӣ қарор гирифтани теъдоди рӯзафзуни ҷавонон низ натиҷаи бархӯрди саркубгароёнаи мақомот бо эътиқодот ва расму оинҳои миллӣ-мазҳабии тоҷикистониён мебошад.

Бо камоли таассуф аҳолии бӯҳронзада шоҳиди онанд, ки мансабдорону элитаи сиёсии мамлакат ба ҷои ҳифзи ягонагии давлату миллат бештар дар фикри ҳифзи курсӣ ва ҷамъоварии сарват ҳастанд. Ғофил аз он, ки маншаъи қудрату шӯҳрат ва сармояву амнияти онон маҳз дар пойдорӣ ва шукуфоии ҷомеъаи Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто танҳо дӯст доштани вазифа кифоя нест, балки бояд аз ӯҳдаи кор бароянд ва эҳсоси масъулият дошта бошанд. Давлатдорӣ дар Таҷикистон аз овони истиқлоият то кунун ҳамоно аз рӯи қонуни «имрӯз ёфта хӯрем, фардо Худо подшоҳ» пеш рафта истодааст. Ҳеҷ як аз масъулони баландпоя набзи аслии ҷомеаро эҳсос намекунад. Бесарнавишту гумроҳ кардани зиёда аз 2 миллион қувваи пешбаранда ва ҷавони мамлакат стратегияи нодуруст буда, фоидаи он низ муваққатӣ аст. Натиҷаҳои сиёсати «нохирадмандонаи» муҳоҷиркунонии аҳолиро аллакай имрӯз мушоҳида карда истодаем. Дар аксарияти баҳсҳои сиёси ва иқтисодӣ тӯдаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба як мӯҳраи фишор болои Тоҷикистон аз тарафи Русия мубаддал гардидааст. Инчунин бад шудани вазъияти бозори кор дар Русия ва камқурб гардидани рубли русӣ сараввал ба ҷайби муҳоҷирон ва сипас ба иқтисоду буҷаи бе инҳам фалаҷи Тоҷикистон зарбаҳои мӯҳлик задаистодааст.

Масъалаи дигаре, ки имрӯзҳо расонаӣ шудааст, ҷанҷоли ширкатхои ҳавоии Тоҷикистону Русия аст, ки он ҳам беиртибот ба мавзӯъи муҳоҷирон нест. Тарафи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони рақобатпазир шудани бозори ширкатҳои мусофиркашонӣ набуда ва нест, чун онҳо ба арбобони монополия будан одати дерина доранд. Садҳо мусофири бесарнавишт ва нимароҳ дар фурудгоҳҳои Русия то ҳол нафаре аз масъулини соҳаро ба ташвиш наоварадааст. Аз тарафи дигар ҷумҳӯриро саросар паст рафтани сатҳи ахлоқу маданият, зулму нафрат, ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои манфӣ фаро гирифтааст. Генофонди мардуми тоҷик бо вуҷуди ин сели муҳоҷират ва боло рафтани дарсади хонавайронии оилаҳои ҷавон дар хатари ҷиддии камшавӣ қарор хоҳад гирифт. Сол то сол ҳазорон шаҳрванди таҳсилкарда ва мутахассиси мамлакат барои таъмини зиндагӣ ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия мекӯчанд.

Бешак асос ва пояи ҳар мулке раъият ва ҷомеаи солим аст. Бо ин бӯҳронҳои ҷонкоҳе, ки сари мардуми тоҷик омадааст, сухан аз кадом раъият ва давлатдорӣ меравад? Оё нотавонии элитаи сиёсии мамлакат дар ҳалли мушкилоти пешомада мардуми пуртоқату меҳнаткаши Тоҷикистон, арбобони андеша, равшанфикрон, аҳли қаламу ҳунар, тоҷирону иқтисодчиён, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ВАО, афсарони боору номӯси меҳандӯст ва муҳимтар аз ҳама қишри ҷавон ва ояндасози миллатро ҳоло ҳам ба хулосае намеоварда бошад? Оё вақти он нарасидааст, ки сарнавишти худ ва ватани азизамонро дар дасти худ бигирем? Мо дигар аз кадом ҷанг ё бӯҳрон метарсем? Оё дарёфти ҳазорон тобӯти ҷавонон аз Русия дар «рӯзгори тинҷию амонӣ» бадтар аз ҷанг нест? Магар марги ҷигаргӯшаҳои мо, нобудшавии ҳисси миллӣ, бедоршавии дубораи ҳисси маҳалгароию фирқагароӣ ва ба ғуломони замонавӣ мубаддал шудани тоҷикистониён моро водор ба аксуламал намекунад? Ё инки мӯҳри хомӯшӣ бар даҳони мо пеш аз фарорасии қиёмат зада шудааст (наъузу биЛлоҳ)? Мутаассифона ҳифз намудани ин ҳукумат дар ин марҳала баробар бо аз байн бурдани кишвар аст. Ин аст хулосае, ки аз амалкарди ҳукумати феълӣ ва арбобони сиёсии он бароварда мешавад. Боқи қазоватро ба дӯши хонанда мегузорем.

Бо ташаккур, Аҳмади Одина

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза