8.1 C
Dushanbe
26.12.2024

Амриддин Аловатшоев ва Чоршанбе Чоршанбеев – қурбониёни навбатии режими ҷиноии Раҳмонов

 Ҷиноятҳои Раҳмонов бо кӯмаки бевоситаи мақомоти Федератсияи Русия идома доранд.

Амалҳои бодиққат тарҳрезишуда барои аз байн бурдан ва тарсонидани мухолифин ва мунтақидони сиёсӣ нишон медиҳанд, ки ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст: вазифаи асосии Раҳмонов нигоҳ доштани қудрат аст. Ахиран Раҳмонов аз нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кард.  Нооромиҳо пахш карда шуданд ва амалиёти муҷозотӣ идома дорад.

Амриддин Аловатшоев, ки рӯзи 12 январ дар Маскав нопадид гардид,  тибқи маълумоти ғайрирасмӣ  рӯзи 13 январ ба Боздоштгоҳи пешакии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. Наздикону пайвандони Амриддин Аловатшоев то ҳол дар бораи макони будубоши ӯ чизе намедонанд. Мақомоти тоҷик чун ҳамеша мегӯянд, ки дар бораи ихроҷи ин шаҳрванд аз Маскав ба Душанбе иттилоъ надоранд.

Амриддин Аловатшоев, ки зодаи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ буда, муддати тӯлонӣ дар Русия ба сар мебурд ва дар як ширкати хусусии амниятӣ кор мекард, дар вақтҳои холӣ ба масоили ҳалли мушкилоти ҳамватанонаш машғул буд. Вай аксар вақт дар ҳалли баҳсҳои байни муҳоҷирон ва корфармоён кӯмак мекард, ки ин боиси эҳтироми зиёди ӯ миёни ҳамватанонаш шуда буд. Ӯ раҳбарии ҷунбиши ғайрирасмии Бадахшонро дар Маскав бар ӯҳда дошт, ки ҳадаф аз ин ҷунбиш тарғиби тарзи ҳаёти солим ва кӯмаки мутақобила ба ниёзмандон мебошад.

Рабудани Амриддин Аловатшоев ба эҳтимоли зиёд интиқоми Раҳмонов аз рӯйдодҳои моҳи ноябри соли 2021 аст, ки ҳудуди ҳазор нафар сокинони ВМКБ ба нишони эътироз алайҳи куштори Гулбиддин Зиёбеков аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омада буданд. Баъдан Аловатшоев дар музокироти эътирозгарон ва сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия миёнарав шуда буд ва Раҳмонов ӯро созмондиҳандаи аслии эътирозҳо медонист.

   Қурбонии дигари режими Раҳмонов  варзишгари маъруфи ММА Чоршанбе Чоршанбеев, ки низ зодаи ВМКБ буда, таҳти парчами Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзид, мебошад. Ӯ, ки солҳои ахир дар Русия зиндагӣ мекард, бо қарори Додгоҳ ба далели нақзи қонуни муҳоҷират аз Федератсияи Русия ихроҷ шуд. Ҳангоми ворид шудан ба Душанбе 30 декабри соли 2021, ӯро бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва динӣ (моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) ва даъвати оммавӣ ба сарнагунии ҳукумат дар Тоҷикистон (моддаи 307) боздошт карданд. Дар маҷмӯъ ин ҷо ҳам боз аз нақшаи стандартӣ, ки аллакай ба мо маълум аст, истифода шуд: эҳтимоли вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират (ё одамрабоӣ) – истирдод (депортатсия) – зиндон бар асоси  моддаҳои 189 ва 307 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳоли ҳозир Чоршанбе Чоршанбеев дар ҳабс буда, мунтазири муҳокимаи додгоҳӣ мебошад. Ӯро 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мо борҳо дар бораи ин гуна аъмоли мушобеҳи Раҳмонов, дар бораи ҷиноятҳои беҳаёёна ва беҷазомондаи поймол шудани тамоми меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ, дар бораи дастгирӣ ва шарик будани мақомоти Русия ба ин қонуншиканиҳо навиштаем.

Вале мутаассифона, Раҳмонов бидуни тарсу ҳарос аз касеву чизе ба саркӯб намудани мардум, поймол кардани ҳуқуқҳои оддии онҳо, ки  танҳо барои изҳори ақидаи худ, танҳо барои бетараф набудан нисбат ба зиндагии сангини ҳамватанони худ аз мавқеи расмии мақомот фарқ мекунад, идома медиҳад.

Боз чӣ қадар қурбониҳои инсонӣ, чӣ қадар сарнавиштҳои шикастаи инсонҳо ба пои диктатори хунхор Раҳмонов андохта хоҳанд шуд?

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи – 24»

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза