Расо дувоздаҳ сол қабл, дар ҳамин рӯз, яъне 24-уми июл сарзамини зебо ва пурғановати Бадахшон шоҳиди як фоҷиаи бузурги инсонӣ гардид. Режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонов бо баҳонаи амалиёти махсус, ба ҷинояти даҳшатноке даст зад, ки на танҳо боиси ҳалокати даҳҳо нафар гардид, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ ба ларза овард. Аммо то ҳол, ин ҳодиса беҷавоб монд ва режими Раҳмонов ҳанӯз ҳам дар роҳи худкомагӣ ва зӯроварӣ ба мардуми худ қадам мегузорад.
Роҳбарон ва мақомотҳои Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2022 бо иддаои “амалиёти махсус” нерӯҳои низомиро ба Бадахшон равон карданд. Дар асл, ин як маъракаи хунини саркӯби мардуми шуҷоъ ва ҳақталаби ин минтақа буд, ки садоҳои эътирозии худро нисбат ба нобасомониҳои иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар баланд карданд. Ҳукумат бо истифода аз нерӯ ва зӯрӣ ба хомӯш кардани ин эътирозҳо пардохт ва натиҷааш фоҷиае гардид, ки аҳолии осоишта ва билхусус ҷавононро ва ба ҳалокат расонид.
Ин амалиёти ваҳшиёна на танҳо қонунҳои байналмилалиро вайрон кард, балки ба феҳристи ҷиноятҳои зиддиинсонии режими Раҳмонов як саҳифаи хунолуд илова намуд. Мардуме, ки бо нияти эътироз алайҳи фасод ва бедодгариҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба кӯчаҳо баромаданд, бо тиру тонкҳои низомӣ рӯбарӯ шуданд. Бисёре аз онҳо кушта шуданд, шумораи зиёди дигарон захмӣ гаштанд ва садҳо нафар бе ягон гуноҳ ба ҳабс гирифта шуданд.
Дар ҳоле, ки мардуми Бадахшон дар гирдоби хун ва ашк қарор доштанд, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ хомӯшона ин фоҷиаро назорат мекард. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва кишварҳои ғарбӣ натавонистанд ба таври лозим ба ин ҳодисаи ваҳшатнок вокуниш нишон диҳанд.
Бо вуҷуди онки далелҳои зиёде дар бораи ҷиноятҳои содиршуда дар Бадахшон вуҷуд доранд, то ҳол ягон нафар аз мансабдорон ё низомиёни режими Раҳмонов ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. На суд, на мақомот ва на ягон ниҳоди байналмилалӣ натавонистанд адолатро барои қурбониёни ин ҳодиса барқарор кунанд. Ин намоиши рӯирости беадолатӣ ва поймолкунии ҳуқуқи инсонест, ки танҳо ба афзоиши норозигиҳо ва нобарориҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон сабаб мешавад.
Бо вуҷуди тамоми зӯровариҳо ва таҳдидҳо, мардуми Бадахшон ҳамеша шуҷоъ ва устувор монданд. Онҳо дар роҳи ҳақталабӣ ва мубориза барои адолат қадам гузошта, аз тамоми имкониятҳои худ барои расонидани садои худ ба ҷаҳониён истифода бурданд.
Ногуфта намонад, ки баъди ин фоҷиа дар ҳамон сол Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” таъсис ёфт. Ин ҳаракат, ки маҳз ба хотири ёдбуди қурбониёни рӯйдоди хунини Бадахшон номгузорӣ шудааст, ба унвони як чолиши ҷиддӣ ба режими Раҳмонов ба миён омад. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо роҳбарии шахсиятҳои бедор ва фаоли сиёсии тоҷик, ки дар асоси принсипҳои мардумсолорӣ, озодӣ ва адолат фаъолият мекунанд, талош дорад, то зӯроварӣ ва диктотуриро дар кишвар фош намояд ва мардумро ба ҳимоят аз ҳуқуқҳои худ ташвиқ намояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо таъкиди худ дар мубориза барои адолат ва ҳуқуқи инсон, кушиш дорад, то бо истифода аз роҳҳои гуногуни сулҳомез ва дипломатӣ, фишорро болои режими Раҳмонов афзоиш диҳад. Бо ташкил ва баргузории ҳамоишҳо ва ҷаласаҳо, ҳамроҳ намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва хусусан Бадахшон, ин ҳаракат талош дорад, то роҳи ҳалли осоишта ва устуворро барои кишвар ба даст оварад.
Режими Раҳмонов бояд дарк кунад, ки зӯроварӣ ва саркӯбиҳо наметавонанд роҳи ҳалли мушкилот бошанд. Баръакс, онҳо ба тавсеаи ноадолатӣ ва норозигиҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд. Мардуми Тоҷикистон, бахусус аҳолии Бадахшон, сазовори ҳаёти осоишта ва одилона мебошанд. Вақти он расидааст, ки режими Раҳмонов аз байн бурда шавад.
Мардуми Тоҷикистон бояд аз ҳолати кунунӣ хулоса бардорад ва нисбат ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бетафовут набошанд. Танҳо бо ҳамкории мардум ва фишори мунтазами сиёсӣ метавон ба режими Раҳмонов нишон дод, ки замони диктотурӣ ва худкомагӣ гузаштааст. Таъмини адолат ва ҳуқуқи инсон бояд дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошта бошад, то ки чунин ҳодисаҳои фоҷиабор дар оянда такрор нашаванд ва мардуми Тоҷикистон тавонанд дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кунанд.
Дар интиҳо, ба тамоми шуҳадои бо мазлумона аз тарафи режим ба қатл расида дуогуем, ки ҷояшон Ҷаннат ва ба зиндониҳояш раҳоӣ аз зиндон насиб гардонад. Инчунин дуогуем, ки ин режими қотилро аз болои сари мардуми Тоҷикистон дур намояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.