-0.9 C
Dushanbe
26.12.2024

“Садои Мардум” доир ба мавзӯи болоравии нархи Интернет

Рӯзи 9 марти соли 2019 дар барномаи “Садои Мардум” бо Беҳруз Тағойзода сӯҳбат доир ба мавзӯи болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистон сурат гирифт. Дар давоми барнома, оиди ин мавзӯъ фикру андешаҳои зиёде гуфта шуд, аз ҷумла сифати хизматрасониҳои Интернет-провайдерҳо (таъминкунандаҳои интернет), инчунин оиди он, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ин тасмими худ мехоҳад ба чӣ ҳадафҳо бирасад.

Дар қисмати дувуми барнома, ҳамватанони мо тавонистанд дар пахши мустақим оиди ин мавзӯъ фикрҳои худро баён кунанд. Бисёриҳо ба ин боваранд, ки ин як ҷинояти навбатии ҳукумат аст. Инчунин метавон гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боло бурдани нархи Интернет мехоҳад ҷиноятҳои худро аз мардум пинҳон кунад. Чунки Интернет, ин дастрасӣ ба иттилоот аст ва ин аст, ки ҳукумати дуруғин ва ҷинояткор намехоҳад, ки мардум дар бораи воқеият ва он чи дар кишвар рух медиҳад, огоҳ шаванд. Боз метавон тахмин кард, ки буҷаи кишвар холӣ аст, аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон пули охирини мардумро аз ҷайби онҳо кашида мегирад.

Дар охири сӯҳбат ровии барнома Беҳруз Тағойзода ба ҳамватанон пешниҳод намуд, ки ба чунин тасмимҳои мақомдорони тоҷик розӣ набошанд ва канораҷӯи накунанд. Агар ҳамаи мо якҷоя дар канори ҳам бар зидди чунин тасмими ҳукумат бархезем, ҳукумат аз ин тасмим даст мекашад. Чун, чунин ҳолат аллакай дар мавриди пеш рух дода буд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза