25.1 C
Dushanbe
25.07.2024

Рӯзи дуввуми нишасти ” Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ” дар масъалаи вазъи ҳуқуқи инсон

Пеш аз зӯҳри имрӯз, дувоздаҳуми сентябр, бахши якуми барномаи имрӯзаи нишасти “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо “, ки сар аз дирӯз оғоз ёфта буд, ба поён расид. Дар нишасти пагоҳии имрӯзи созмон оид ба меъёрҳои ҳуқуқи башар дар кишварҳои узв масоили: Озодии гирдиҳамоии осоишта ва сохтани иттиҳодияҳо, ташкилоти миллии ҳуқуқи инсон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон зери мавзӯъи “Озодиҳои асосӣ” матраҳ шуд. Намояндаи ҳаракати мо мушовири роҳбари “Гурӯҳи 24” – Ашӯров Сайидалӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар мавзӯъи “Озодиҳои асосӣ, аз ҷумлаи: озодии гирдиҳамоии осоишта ва сохтани иттиҳодияҳо, ташкилоти миллии ҳуқуқи инсон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш дод. Вай дар суханронияш Ҳукумати Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро дар мавзӯъи мазкур поймол намуда, мардумро аз ташкили гирдиҳамоии осоишта ва ташкили иттиҳодияҳо чи динӣ бошад ва ё ғайри динӣ боз медорад , дар ҳоле ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум ин ҳуқуқро пешбинӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Шаҳри Душанбе ва мақомоти дахлдор ҳама гуна гирдиҳамоии осоиштаро алайҳи ҳукумат ва шахсони мансабдор барои мухолифон ва шаҳрвандон бо ҳар баҳонае мамнӯъ мекунанд ва танҳо ба онҳое иҷозаи гирдиҳамоӣ дода мешавад, ки бар зидди мухолифин ва ё шахсоне , ки ҳукумат алайҳашон мубориза мебарад ва аъзои аҳзоби сиёсӣ ва ё ин ки алайҳи дафтари САҲА ва сафорати кишварҳо тазоҳурот анҷом диҳанд. Чӣ расад ба ташкили иттиҳодияҳо, ҳол он ки иттиҳодияҳо ва аҳзоби мавҷударо бо ҳар баҳонае аз фаъолият боз дошта, дафотири корияшонро бастаанд. Бо сабаби фишору таҳдидҳои фаровон ва пай дар пайи ҳукумат тавассути мақомоти дахлдор нақш ва фаолияти ташкилотҳои миллии ҳуқуқи инсон ва инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон тира ба назар мерасад. Ҳукумат ҳам бо зиндонӣ кардани вакилони мудофеъ ва рӯзноманигорону шахсиятҳои фаъоли сиёсӣ паёме ба онҳое дод, ки мехоҳанд айни роҳро паймоянд. Намояндаи ҳаракати мо аз кишварҳои узви созмон дар ин нишаст тақозо кард, то ки чорае андешанд ва пеши роҳи ин худкомагонро гиранд. Баъди зӯҳр қисми дуюми нишасти ” Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо” барпо мегардад.

Дар нишасти баъд аз зуҳри созмон оид ба меъёрҳои ҳуқуқи башар дар кишварҳои узв масоили: “Ташкилотҳои демократӣ, аз ҷумла демократия дар сатҳи миллӣ, минтакавӣ ва маҳаллӣ, интихоботи демократӣ” матраҳ шуд. Дар ин мавзӯъ намояндаи ҳаракати мо муовини роҳбари “Гурӯҳи 24” – Ашӯров Ҳусейн суханронӣ намуд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза