3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Номаи тасалияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба офати табиӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон

Номаи тасалияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба офати табиӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон.

Субҳи 15 феврал дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ – маркази Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тарма фаромад.Бар асари ин офати табиӣ  ҳудуди 22 хонаи истиқоматии сокинон,  бинои Консулгарии Афғонистон ва ҳамчунин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ зери барф монданд.

Тибқи маълумотҳо бар асари лағзиши барф ҳудуди 13 нафар сокинони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери тарма монда, қурбон шуданд. Гуфта мешавад, ки  кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамкорӣ бо мардуми маҳаллӣ тавонистанд ҳудуди 9 нафар, аз ҷумла ду кӯдакро наҷот диҳанд. Тарма ба хатти нерӯи барқ низ хисорот ворид намуда,  шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз ин фоҷеа сахт андӯҳгин буда,ба пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиӣ тасалият арз менамояд ва барояшон сабри ҷамил мехоҳад. Ва аз даргоҳи Худованди мутаол талаб мекунад, ки ҷонбохтагонро раҳмату мағфират намояд ва ба маҷрӯҳон шифои оҷилу комил ато фармояд. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки дар ин мусибати болои мардуми Бадахшон омада бетараф набошанд ва кӯмакҳои худро чӣ аз ҷиҳати молӣ ва чӣ аз ҷиҳати ҷонӣ дареғ надошта дар қаввати мардуми Бадахшон бошанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза