14.1 C
Dushanbe
13.04.2024

Гирдиҳамои дар назди консулгарии Туркия дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд


Имрӯз 19.03.2024, Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» дар назди Консулгарии Туркия дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд гирдиҳамоии худро анҷом дод. Дар ин гирдиҳамоӣ масъули бахши Фарҳанги ин ҳаракат Муҳаммадҷон Абдуллоев, Абдуллоҳ Абуаҳмад ва намояндаи ПМТ(Паймони миллии Тоҷикистон) дар кишвари Ҳолланд Сунатуллоҳ Давлатзода иштирок ва суханронӣ карданд. 

Дар ин гирдиҳамоӣ чун ҳарвақта дархости худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мақомоти Туркия расониданд. Ҳамчунин аз мақомоти қудратии Туркия хоҳиш карданд, ки ҷой будубоши Роҳбари ин ҳаракат – Суҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насимҷон Шарипов маълум карда шавад. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ингуна силсила гирдиҳамоиҳоро ташкил карда, мехоҳад паёми хешро ба гӯши касоне, солҳост аз ҳуқуқи мазлумон сухан мекунанду худро мудофии ҳуқуқи инсон медонанд, расонад. 

Ҳоло аз нопадид шудани Намояндаи ҳаракат дар Туркия, Насимҷон шарипов ҳудуди як моҳ ва роҳабри ҳаракат, Суҳроб Зафар 9 рӯз мегузарад, лекин то ҳоло аз мақомоти Қудратии Туркия ҷавоб надодаанд. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз кишвари Туркия хоҳиш дорад, ки барои кӯмак ва пайдо кардани ин ду роҳбари ҳаракат мусоидат намояд. 

Ногуфта намонад, ки ин силсила гирдиҳамоиҳо вобаста ба имконияити кишварҳо идома хоҳад дорад. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза