Мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон

 Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба мавзӯи мубориза бо терроризм таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Охир, Раҳмонов на онҳоеро террорист мехонад, ки воқеан ба амнияти мардуми осоишта таҳдид мекунанд, балки онҳоеро, ки ба дар сари қудрат мондани ӯ таҳдид мекунанд. Ва дар мубориза бо рақибони сиёсӣ, тавре таҷриба нишон медиҳад, барои Раҳмонов ҳама воситаҳо хубанд.
Танҳо аз сабаби он ки шахс дар ягон масъала нуқтаи назари расмиро қабул надорад, мақомот ӯро ба ҳама гуноҳҳои марговар муттаҳам мекунанд. Онҳо бо кадом моддаҳои Кодекси ҷиноӣ бадном ва гунаҳкор кардани одамонро муайян намуда, ҷомеаро ба хатари ӯ бовар мекунонанд. Ва барои он ки суханони мо беасос набошанд, мехоҳем чун муште аз хирвор дар бораи яке аз ҳазорон чунин ҳодисаҳо нақл кунем.

Дар ҳоли ҳозир фаъъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи -24” Мирзоев Юсуфҷон Чамахонович барои ақида ва фаъолиятҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 307 “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” гумонбар дониста шуда, дар пайгард қарор дорад.

Тибқи маълумоти варақаҳои расмии мақомот ва расонаҳо , ин шаҳрванд узви созмони ифротии ҷунбиши «Салафия» мебошад, ки фаъъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08/2014 манъ карда шудааст. Метавонем расман тасдиқ кунем, ки фаъъолияти Мирзоев Юсуфҷон ҳеҷ гоҳ хусусияти мазҳабӣ надошта, ӯ на танҳо узви ин ҷомеа, ҳатто нисбат ба салафиҳо ҳамфикр ҳам набудааст. Аммо барои кормандони мақомоти қудратии кишвар муттаҳам кардани як нафар ба “Салафия”, ки бархӯрд ба ин ҷараёни мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври умум манфӣ аст, аз навиштани ҳақиқат фоидаовартар аст.

Баъдан, дар Сарқонуни Тоҷикистон, ки кишвари демократӣ маҳсуб меёбад, омадааст, ки пайравӣ ба ҳар дину мазҳаб ва оин аз ҷониби шаҳрвандон ихтиёрӣ ва озод мебошад. Пас, дар ин сурат метавон гуфт, ки ифротӣ эълон кардани ҷараёни “Салафия” аз лиҳози ҳуқуқӣ бар хилофи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таззоди аҷиби дигар ин аст, ки Ҳукумати Раҳмонов аз як тараф ба муқобили ин ҷараён мубориза мебарад, аз тарафи дигар бо кишвари Арабистони Суудӣ, ки пуштибони ҷараёни “Салафия” мебошад, муносибати хуби дипломатӣ ва сиёсиву иқтисодӣ дорад.

Ҳақиқати ҳол ин аст, ки Мирзоев Юсуфҷон алайҳи режими диктаторӣ муборизаи сиёсӣ бурда, узви Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи- 24» мебошад. Аммо мақомот дарк мекунанд, ки дар ин сурат на аз аҳолии кишвар ва на аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар дар ҷустуҷӯи онҳо кӯмак намегиранд. Зеро шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷи кишвар аллакай медонанд, ки “Гурӯҳи – 24” созмони ифротӣ набуда, балки мухолифи сиёсии Раҳмонов аст ва аз хушунат ва зӯр пуштибонӣ намекунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”