22-юми июл – рӯзи забони тоҷикӣ хуҷаста бод!

Расо 31сол пеш, дар торихи 22-юми июли соли 1989 тарҳи якуми Қонуни забон дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар, аз тарафи Иҷлосияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ё порлумони вақти кишвар қабул шуда, зимни он ба забони тоҷикии форсӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Барои ба ин мақом расонидани забони тоҷикӣ дар РСС Тоҷикистон кори саҳле набуд, агар аз як тараф ҳукумати Шӯравӣ ин тарҳро намехост, аз тарафи дигар бошад, чуҷаҳои тоҷики кумунисти режими кумунистии он вақт бештар аз бегонагон ба забони худ ва хатти он, инчунин истиқлоли кишвар зид буданд.

Аз ин лиҳоз намехостанд, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирад ва тарафдор буданд ки забони модарӣ танҳо дар сатҳи хонаводаҳо ва кучаю бозор боқӣ монад. Вале ба ин нигоҳ накарда, касоне ҳам пайдо шуданд, ки барои ба ҷойгоҳи худ шинондани забони тоҷикӣ хидматҳои шоистае анҷом доданд. Сар аз 22.07.1989 то соли 2009 рӯзи 22-юми июл ҳамчун рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешуд. Муддати ин 20 сол ҳеҷ мушкиле пеш наомад, вале боз ҳам боқимондаи он чӯҷаҳои кумунистони пешин аз рӯи тамаллуқ дар фикри тағйири рӯзи Иди забон шуданд. Ин тудаи хушомадгӯ ҳамаи роҳҳои тамаллуқро тай карданд, то ин ки корашон ба рӯзи забон расид!

Аз ин рӯ, Иди забонро бо даҳҳо баҳонаҳои бемантиқ ба 5-уми октябр кӯчониданд, ки он ба рӯзи таваллуди Раҳмонов рост меояд. Агар тобистон баҳона буд, магар рӯзи дигаре пайдо нашуд, ки Иди забонро ҳадди ақал ба он рӯз гузаронанд?! Ҳадаф боз ҳам тамаллуқ асту бас!! Вале Рӯзи забони тоҷикӣ, на танҳо як рӯзи ҷашни маъмулӣ, балки як рӯзи торихи ин миллат ва забони он мебошад! Аз ин рӯ рӯзи Иди забон бояд аз 05.10 ба 22-июл баргардонида шавад. Чун Раҳмонов худ яке аз душманони ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ буд.

Иди забон хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”