10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон

Бо пешниҳоди Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид, бар асоси Қарори 423( V) аз соли 1950 инҷониб 10 декабр ҳамасола ба унвони Рӯзи ҳуқуқи башар ҷашн гирифта мешавад, ки он фарогири ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист мебошад. Агар ба таърихи тамаддуни инсонӣ назар афканем, мебинем, ки аввалин санади ҳуқуқи башар бо номи “Маншури Куруши Бузург ” маъруф аст. “Маншури Куруши Бузург” ба унвони аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар пазируфта шудааст, ки дар соли 1971 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба шаш забони расмии ин созмон тарҷума ва мунташир гардид.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди фаъолияти садҳо созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ масъалаи ҳуқуқи башар то имрӯз яке аз доғтарин масоили ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ аз як тараф, бархӯрди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо ва кишварҳои дигари минтақаҳо аз тарафи дигар боиси солҳо дар сари қудрат боқӣ мондани низомҳои худкома ва нақзи озодиҳои шаҳрвандӣ мешаванд. Ҳарчанд дар боби 3- и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосии инсон кафолат дода шудаанд,вале Тоҷикистон дар қатори кишварҳое қарор дорад, ки дар он ҳуқуқи инсон аз ҳама бештар нақз мегардад.

Созмонҳои байналмилалии гуногун солҳост занги хатар мезананд ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват менамоянд, ки ба масъалаи нақзи мунтазами ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунанд. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо дар гузоришҳои худ дар бораи ин тахаллуфот, аз қабили боздошти ғайриқонунӣ, латукӯб ва шиканҷа аз ҷониби мақомоти амният, вайрон кардани ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва ҳаёти шахсӣ, таъқиб ва боздошти фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, рӯзноманигорон ва адвокатҳо, сензураи васеъ, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот, ҷазои ҷиноӣ барои танқиди мақомот, вайрон кардани ҳуқуқ ва ҷамъомадҳои осоишта, вайрон кардани озодиҳои динӣ, маҳдуд кардани озодии ҳаракат, мушкилоти хариду фурӯши одамон ва меҳнати маҷбурӣ сухан ба миён оварданд. Бо вуҷуди ин, Раҳмонов ва ҳомиёни ӯ ба шиддат вонамуд мекунанд, ки дар асл ҳеҷ иттифоқе наафтодааст. Ҳайатҳои ҳукуматӣ бошанд, вақте дар бораи ин мушкилот гуфта мешавад, бо асабоният толори конфронсҳои байналмилалиро тарк мекунанд. Ва вазъият тағйир намеёбад, балки то рафт бадтар мешавад. Раҳмонов бо дарки он, ки ҳама амалҳояш беҷазо мемонанд, ҳар сол қонунҳои наверо пешниҳод мекунад, ки ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони моро маҳдуд мекунанд. Қонунҳое, ки ҳадафи онҳо танҳо тақвияти қудрати қабилавии ҳукмрон ва сарватманд гардидани он мебошад.

Дар кишварҳои мутамаддини муқаррарӣ ҳуқуқи инсон арзиши асосӣ ба ҳисоб меравад, ки риояи онро ҳам ҳукумат ва ҳам низоми одилонаи мустақили судӣ ҳифз мекунанд. Дар мо бошад, кафили риояи ҳуқуқи инсон – Раҳмонов ва додгоҳҳои ба ӯ тобеъ мебошанд.

Дар ҳама гуна рутбабандии ҷаҳонии кишварҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ мешаванд, Тоҷикистон ё умуман вуҷуд надорад, зеро маълумоти оморӣ намедиҳад ва ба таври ҳамаҷониба ҷамъоварӣ ва гирифтани ин маълумотро пешгирӣ мекунад, ё мавқеъи охирро ишғол мекунад. Ҳатто ҳамсояҳои наздиктарини мо, Қирғизистон, Узбекистон ва Афғонистон бо ҳуқуқҳои инсон мувофиқи рутбабандиҳои ҷаҳонӣ дар вазъияти беҳтаре қарор доранд. Масалан, дар рутбабандии ҷаҳонии ба тозагӣ таҷдидшуда дар бораи вазъи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ аз ҷониби созмони Freedom House, кишвари мо дар байни 210 кишвар дар ҷои 197-ум қарор дорад. Ва ҳама чиз ба ин воқеъият бармегардад, ки пас аз чанд соли дигар кишвари мо дар ин ҷадвал дар мақоми охирин ҷой хоҳад гирифт. Агар мардум ҳамин тавр ғайрифаъол ва хомӯш бошанд, пас шак нест, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба як кишвари бардагони сустирода табдил хоҳад ёфт.

10-уми декабр, дар Рӯзи ҳуқуқи инсон, мо мехоҳем ба тоҷиконистониён хотиррасон кунем, ки мо бо ҳуқуқи таваллуд шудан ба унвони инсон, аз ҳуқуқи озодӣ ва зиндагии шоиста бархурдорем ва ҳеҷ кас, ҳеҷ як Раҳмонов ҳақ надорад, ки моро аз ҳуқуқу озодиҳоямон маҳрум кунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”