Ӯ ҳимоят хоста буд, на ихроҷ

Рӯзҳои 27-28 феврал фаолони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Лаҳистон дар кишварҳои Гурҷистон, Утриш, Олмон, Ҳоланд, Суид, Украин ва Русия барои озодии Мустафо Ҳаётов – узви фаоли “Гурӯҳи 24” ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор намуданд. Ин ҳамоишҳо бо шиори “He asked for protection, not deportation” – “ӯ ҳимоят хоста буд, на ихроҷ”, баргузор шуданд. Мустафо Ҳаётов аз санаи 23.06.2018 дар боздоштгоҳи махсус барои ашхоси ихроҷшаванда дар Лаҳистон қарор дорад. Пас аз анҷоми ҳамоишҳо фаъолони ” Гурӯҳи 24″ бо намояндаҳои сафоратхонаҳои Лаҳистон дар кишварҳои номбурдашуда вохӯрда, дар мавриди қазияи фаоли боздоштшуда гуфтугузор намуданд ва мактуби расмии “Гурӯҳи 24” – ро ба онҳо супурданд.

Сухангӯи “Гурӯҳи 24″ – Саидалӣ Ашӯров гуфт: ” Чорабинии зикршуда бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи мақомоти Лаҳистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба қазияи Мустафо Ҳаётов баргузор шуданд. Бо ин, мо хостем вазъияти ӯро ва дар ҳолати ихроҷ ӯро чӣ интизор аст, фаҳмонем. Албатта, ҳадафи асосӣ, ин озодии ӯ мебошад”.

Мустафо Ҳаётов фаоли “Гурӯҳи 24” буда, то боздошт масъули бахши тарғибу ташвиқи сафаҳоти ҳаракат дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Ӯ санаи 23-юми июни соли 2018 боздошт шуда, ба боздоштгоҳи махсус барои ашхоси ихроҷшаванда фиристода шуд. Айни замон парвандаи ӯ дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. “Гурӯҳи 24” якчанд маротиба дар ин маврид ба мақомоти дахлдори Лаҳистон муроҷиат карда буд.

Бояд зикр кард, ки Мустафо Ҳаётов охирин фаоли “Гурӯҳи 24” аст, ки дар боздошт қарор дорад. Ҳамаи дигар фаолоне, ки то ин ҷониб дар кишварҳои мухталиф, ба истиснои Тоҷикистон боздошт шуда буданд, бо саъю талоши “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои байналмиллалӣ озод карда шуданд.

Шохин Махмадшоев