Ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Кёлни ҷумҳурии Олмон

Имрӯз дар шаҳри Кёлни ҷумҳурии Федеролии Олмон ҷаласаи ҷамбастии солонаи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” баргузор шуд. Дар ин ҷаласа намояндаҳои “Гурӯҳи 24” дар Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, аз қабили муовини роҳбари гурӯҳ Ҳусейн Ашӯров, сухангӯйи ҳаракат Сайдали Ашӯров, фаъоли ин ҳаракат Акмал Астанаев ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Роҳбари ҳаракат Сӯҳроб Зафар ва дигар фаъолон дар ин ҷаласа тариқи онлайн баромад намуданд. Зимни суханронӣ дар ҷаласа, Сайдалӣ Ашӯров аз дастовардҳо зикр кард ва фаъолиятҳои сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро дар соли сипаришуда ҷамъбаст намуд.

Тафсилоти бештар аз рафти ҷаласа рӯзҳои наздик муфассал ва бо наворҳо пешкаш мегардад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24