Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мавриди ҳамла қарор гирифтани Раҳматилло Зойировро маҳкум мекунад

22 сентябри соли равон раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар назди хонааш дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифт. Бар асоси нақли худи ӯ ду нафар ашхоси номаълум аз қафо ба ӯ ҳуҷум карда, бо як ашёи сахт ба сараш зада, ӯро латукӯб карданд.

Дар солҳои охир раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон зӯд-зуд ҳадафи ҳамлаи ноҷавонмардона ва латукӯб қарор мегирад. Ин бесабаб нест. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ягона ҳизби мухолифи Ҳукумати диктатории Раҳмонов аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бар хилофи дигар ҳизбҳои сиёсии кисагии дохилӣ аз боби қонуншиканӣ ва дигар аъмоли ҷинояткоронаи режими Раҳмонов рӯйрост ва ошкор сухан мегӯяд ва мақомотро интиқод мекунад. Намунаи боризи чунин мавзеъгириҳои далеронаи ӯ – ғайридемократӣ эълон намудани натиҷаи интихоботи Маҷлиси намояндагон ва огоҳ кардани мардум аз шуюъи бемории КОВИД-19 ( мавҷи аввал ва дуввуми паҳншавии беморӣ) аз он далолат мекунанд, ки Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон воқеъан дар фикри мардуму ҷомеъа ва ободии кишвар аст. Бо тақаллуб ва сохтакорӣ доир гардидани интихоботи ахирии порлумонии кишвар, ки Раҳматилло Зойиров борҳо таъкид намуд, баъдтар аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва САҲА таъкид гардид. Аз мардум пинҳон кардани мавҷудияти бемории вируси куруно аз ҷониби Ҳукумати диктатории Раҳмонов ҳам баъдан фош гардид ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Ҳукумати Тоҷикисторо борҳо аз пинҳон кардани теъдоди аслии мубталоён ва ҷонбохтагони бемории КОВИД-19 ва ба дасти ниёзмандон нарасидани кӯмакҳои башарӣ интиқод кард.

Раҳмонов ва Ҳукумати худкомаи ӯ, ки танҳо ба маддоҳию хушомад ва дурӯғу сохтакорӣ одат кардаанд, аз шунидани ҳақиқат ва ошкор гардидани ҷиноятҳо ва чеҳраи воқеъии манфурашон дар байни мардум ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ меҳаросанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба фаъолияти ин ҳизб ва Раҳматилло Зойиров монеъ шаванд.

Косаи сабри Ҳукумати Раҳмоновро махсусан ба далели хилофи Сарқонун будани санаи баргузорӣ таҳрим намудани интихоботи раисҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ҳамчунин фош кардани қонуншиканиҳои мақомот дар марҳилаи пешазинтихоботӣ, ки Раҳматилло Зойиров ба самъи мардум ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ расонид, пур кард. Ин аст, ки Раҳматилло Зойиров дар тайи чанд соли охир борҳо мавриди сӯиқасд қарор мегирад. Мо яқинан медонем, ки ин кори дасти Ҳукумати Раҳмонов ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст. Зеро ин гурӯҳи бадкирдор дар муқобили сухани ҳақ чизе гуфта наметавонанд ва танҳо аз чунин усулҳои ҷинояткорона аз қабили тӯҳмат, латукӯб, рабудан ва бар асоси парвандаи сохта зиндонӣ намудани мухолифони сиёсии худ наметавонанд кори дигареро анчом диҳанд.

Бо назардошти ин, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳодисаи нангин– аз тарафи мақомоти Тоҷикистон мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор гирифтани раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойировро қотеъона маҳкум мекунад.

Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24