Мо ҳамагӣ аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст. Аз дарёфти хабари даргузашти модари узви фаоли “Гурӯҳи 24” Қобилов Фурқат ҳамагӣ сахт андӯҳгинем. Модари марҳума дирӯз (14.03.2020) бо сабаби беморӣ дунёи фонӣ ва беарзишро падруд гуфта, роҳ ба сӯи Парвардигораш гирифт.

“Гурӯҳи 24” ва аъзои он аз Худованди бахшанда ва меҳрубон дархост дорем, то ин ки гуноҳони ин модари мушфиқаро бахшида бошад ва ҷое дар боғе аз боғҳои Биҳишти барин арзонияшон дорад. Мазораш фароху рӯшан ва равонаш шод бод! Ба ин муносибат, ба бародар Фурқатҷон ва наздикону пайвандонашон дар ин мусибати басо сангин бурдборӣ, бардошт ва подоши неки онро аз Худованд хоҳонем. “… Ва ба бурдборон мужда бидеҳ. Он касоне ки ҳангоме балое ба онон мерасад, мегӯянд: мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем. Онон (ҳамон бурдборони бо эмоне ҳастанд, ки) атрофу раҳмат ва эҳсону мағфирати Худояшон шомили ҳоли онон мегардад ва мусалламан эшон роҳёфтагон ( ба ҷодаи ҳақ ва ҳақиқат ва роҳи хайру саодат) ҳастанд.” (Бақара, 155-157) Ин муждаи Парвардигор ба сабркунандагон дар чунин мусибати сангин буд.

Фурқатҷон, бародар, мо бо шумо ҳамдардем!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24