Қувватов Умарали: “Шайтони воқеъӣ дар Тоҷикистон аст”

Яке аз мавзуъҳои дардноки ҷомеаӣ имрузаи Тоҷикистониён ин муҳоҷирати меҳнатист. Барои Қувватов Умарали ҳам, ин мавзуъ дардноку аслӣ буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки зиёда аз ду миллион чавонон берун аз ватан мебошанд, ва дар вазнинтарин шароит қарор доранд. Вазъи ҳуқуқаиашон поймол мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ягон чорабиние намеандешад, то ки шумораи муҳоҷирин кам шавад, ё ҳади ақал дар чорчубаи шартнома дифоъи шаҳрвадонро бинамояд. Аз рузи аввали Ҳукуматдории Рахмон, баръакс рӯз то рӯз шумораи муҳоҷирин зиёд шудаистодааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ночорӣ маҷбуранд, ки тарки ватан, падар, модар ва зану фарзанд кунанд. Милати шарифи Тоҷдор, ба як милати нодону бехирад дар чашми мардуми ҷаҳон залил гашт. Пайравони Қувватов Умарали, ҳаракати сиёсии мардумии Гурӯҳи 24, яке аз рукнҳои аслии худро ба ҳалли ин дарди ҷомеаӣ имруза қарор дод.

(навор)

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24