Шоҳида Мамадҷонова ба 6 соли зиндон маҳкум шуд!

 Шоҳида Мамадҷонова – модари блогнавис Шерзод Мамадҷонов, ки дар Олмон ба сар мебарад ва бо интиқод аз сиёсати динии мақомоти Тоҷикистон маъруф аст, рӯзи 3 феврал барои гирифтани телефонаш ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат рафта, ғайб зад. ВКД бар хилофи ҳама ҳуқуқу қонунҳои қобили қабул танҳо рӯзи 8 феврал эълон кард, ки вай дар ҳабс аст ва ӯро ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи – 24” гумонбар медонанд.
Дар авоили моҳи апрел расонаҳо хабар доданд, ки тафтишоти парвандаи Мамадҷонова ба анҷом расида, ба додгоҳ ирсол шудааст. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки вай иқрор ва тасдиқ кардааст, ки бо “Гурӯҳи – 24” ҳамкорӣ доштааст, гӯё дар телефони мобили ӯ далелҳо пайдо шудаанд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аллакай эълом карда буд ва бори дигар расман эълон мекунад: Шоҳида Мамадҷонова ҲЕҶ ГОҲ бо “Гурӯҳи 24” робитае надошт!!!
Парвандаи зидди модари блогнавис Шерзод Мамадҷонов бофта аст. Ва танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки кормандони ВКД бо чӣ гуна роҳҳо эътирофи ин занро ба даст оварданд?
Онро ки Раҳмонов боз як нафари бегуноҳро ба зиндон равон кард, худи Шерзод Мамадҷонов тасдиқ кард. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки афроди наздик ба Ҳукумат бо ӯ тамос гирифта, шартҳоеро номбар кардаанд, ки барои раҳоии модараш бояд иҷро кунад. Аз ин рӯ, аз ӯ талаб карда шуд, ки ба Тоҷикистон баргардад ва аз кирдораш тавба кунад.
Дар натиҷа Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 7 апрел Шоҳида Мамадҷоноваро гунаҳкор ва ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Сохтаву пӯч будани ҳукм дар он аст, ки се шарҳи (!) аз ҷониби як зан дар зери видеои Ютуб гузошташуда ҳамчун далели гуноҳ дар парванда хизмат мекунад, ки онро ба ҷуз аз дағалона поймол кардани ҳукуки инсон чизи дигаре наметавон гуфт!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз тамоми созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар даъват мекунад, ки ба ин қазия таваҷҷӯҳ кунанд. Чунин қонуншиканӣ набояд дар давлати дунявии демократӣ вуҷуд дошта бошад. Барои рафтори фарзандони болиғ волидон набояд ҷавобгар бошанд!
Акнун вақти он расидааст, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар танҳо ба нишон додани камбудиҳои сохти давлати Тоҷикистон хотима диҳанд ва ҳодисаҳои поймолкунии ҳуқуқи инсонро сабт карда, ба Раҳмонов барои ташкили фондҳои ҳуқуқи инсон дар кишвар ва бартараф кардани камбудиҳои низом дигар маблағ ихтисос надиҳанд!!! Баъди ин бояд аз Раҳмонов қотеъона талаб карда шавад, ки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон риоя карда шавад.


Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»