Шинос шавед, ДИКТАТОР РАХМОНОВ!

Имрӯз, 17.04.2019 пикети намояндагони “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Маскави Русия, дар назди Кремлин идома дорад . Намояндагони “Гурӯҳи 24” дар баробари ин пикет варақаҳое бо навиштаҳои хоссе бар зидди диктатор Раҳмонов ба раҳгузарон тақсим карда, инчунин дар истгоҳҳову дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ овезон доранд. Ин барнома ҷузъи барномаи “Истиқболи гарм”-и “Гурӯҳи 24” аст, ки дар тамоми сафарҳои Раҳмонов ӯро бо як шеваи хос “гарм” истиқбол мегиранд. Раҳмонов сар аз дирӯз дар сафари ба қавли худаш хидматӣ дар Русия қарор дорад . Маълумоти бештар дертар нашр хоҳем кард .

 

Баҳши иттилоотии Гурӯҳи 24