Чаро масъулияти ҳукуматро мардум бояд анҷом диҳад ?!

Инак ҳафтаи дуюм аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик бо сабаби баста будани марзҳо дар фурудгоҳҳои Русия дармонда буданд. Шумори зиёди мардон, занон ва кӯдакон дар фарши фурудгоҳҳо гуруснаю ташна мехобиданд, то ин ки афроди саховатманди тоҷик аз ҳар гӯшаи Русия ба кӯмак шитофтанд ва маводи ғизоӣ дастрас гардониданд. Тамоми кишварҳо шаҳрвандони дар дигар кишвар дармондаи худро бо ҳар роҳе ройгон ба ватан баргардониданд ва онҳоеро, ки дар ҳолати карантинӣ дар дигар кишвар қарор доштанд, бо беҳтарин шароит муҳайё карданд. Раҳмонов бошад, дар он шабу рӯз танҳо дар фикри хушгузаронии худ дар ҷашни Наврӯз буд. На ғами карантин ва на парвои мардум дошт! Ҳазорҳо нафарро дар варзишгоҳҳо гирд оварда, наврӯзро ҷашн гирифт ва бо як лаҳни шаҳватангез бо гулдухтаракон сӯҳбат мекард!

Расонаҳои ҳукуматӣ бошанд, мисли ҳамешагӣ дар таблиғи пешвояшон буданд ва сари ҳар лаҳза ба мардум ахбори дурӯғ нашр мекарданд. “Ховар” хабар дода буд, ки бо иқдоми пешво ширкати Сомонэйр барои овардани муҳоҷирон ба Русия меравад. Баъдан маълум шуд, ки ин “ғамхорони миллат” чиптаҳои ҳавопайморо бо қиммати 3 баробар зиёд фурӯхтаанд. Ҳатто чиптаҳои онҳоеро, ки пештар бо нархи арзонтар харида будаанд, бо найранг шиносномаҳои онҳоро гирифта, чиптаҳоро аз номи онҳо берун карда, дубора ба қиммати дилхоҳи худ фурӯхтаанд! Обсофкунакҳои режим бошанд, аз ба ном блогерҳо то ба ном ҳуқушиносон ҳамагӣ дар фикри ҷайби худ ва дар ором кардани мардум мекӯшиданд ва дурӯғҳо мегуфтанд.

Сафири дурӯғгӯи ҳукумати дурӯғгӯ Ахиран сафири муфтхӯри тоҷик дар Русия – Имомуддин Сатторов чеҳрааш ҳатто сурх нашуда, хабар дод, ки ҳамаи муҳоҷирон фиристонда шуданд ва дар фурудгоҳҳо дигар ягон муҳоҷири тоҷик намонд. Дар ҳоле ки дар ин қадар вазъи шадид, ки ҳатто роҳбарони кишварҳо вориди кор шуда буданд, ин сафираки нобакори мо ҳатто боре аз ин муҳоҷирони дармондае, ки ҳамасола нисфи даромади кишварро ташкил медоданд, дидорбинӣ кунад ва бо вазъи эшон аз наздик шинос шавад! Аз ин дурӯғи сафир рӯзе нагузашта, маълум шуд, ки воқеан дар фурудгоҳҳои Русия муҳоҷирони тоҷик боқӣ намондаанд! Вале муҳоҷиронро на ин ки ин сафираки муфтхӯр ва ҳукумати нокора ба ватан фиристодаанд, балки ОМОН-и рус муҳоҷирони дармондаи бечораи тоҷикро дар он ҳавои сард, ки берун барф меборид, ба кӯча рондаанд!

Боз ҳам дар ин вазъи мушкил, масъулияти ҳукумат аст, ки шаҳрвандонашро дар беруни кишвар ва дар чунин ҳолати ваҳим пушту паноҳ бошад, Тоҷике, мусалмони воқеие, шермарде аз худи муҳоҷирон пайдо шуду ба доди муҳоҷирони дар сардӣ меларзида расид! Шермарде бо номи ҳоҷӣ Меҳруддин аз ноҳияи Панҷ дар он нисфи шаб ду Отобус супориш дода, ҳамаи он муҳоҷирони дар берунмондаро ба хонаи худаш бурда, бо ҷои хоб Ва ғазою дорӯворӣ таъмин кард. Ҳукумати нобакори Раҳмоновро мебояд дар зудтарин фурсат ба кӯмаки ин муҳоҷирон шитобад ва ҳамаи онро ройгон ё ба ватан баргардонад ва ё дар худи Русия то гузаштани ин вабо бо ҷои хоб ва маош таъмин созад!! Дар наворе, ки ба “Гурӯҳи 24” фиристоданд, муҳоҷирон дурӯғи сафир ва сафоратро тасдиқ карда, муште ба даҳони он обсофкунакони режим задаанд! Агар боз шаҳрвандоне, ки дар чунин вазъи душвор дармонда бошанд, ба рӯзноманигорон ва ба мо хабар диҳанд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”