Хабари фаврӣ!

Узв ва фаъъоли “Гурӯҳи 24” Холов Зулфиқаҳҳор Боймаҳмадович, соли таваллудаш 19.11.1983 дирӯз соати 15:20 дақиқа бо вақти Москав дар шаҳри Москав, ноҳияи Комуннарка аз тарафи пулиси минтақа дар асоси феҳристи нафарони алоқаманд бо “терроризм”-и Бонки Миллии Тоҷикистон боздошт шуд. Холов Зулфиқаҳҳор баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” ба ин гурӯҳ пайваст ва дар гирдиҳамоиҳо дар чандин шаҳру вилоятҳои Русия ширкат карда буд. Ӯ баъд аз он ки шаҳид Умаралӣ Қувватов ба Туркия рафт, боз ҳам канори роҳбари гурӯҳ қарор гирифт ва муборизаи худро идома медод. Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов 5-уми марти соли 2015-ум аз ҷониби режими Раҳмонов дар Истанбул кушта шуд ва Холов Зулфиқаҳҳор баъд аз он Туркияро тарк кард ва муборизаи худро дубора дар Русия пеш мебурд.

Ахиран, БМТ феҳристи бештар аз 1300 нафарро нашр кард, ки ба алоқамандӣ ба терроризм айбдор мешуданд ва номи Зулфиқаҳҳор Холов зери рақами 1309 ҷой дорад . Барои ҳама рӯшан аст, ки ҳукумати худкомаи Раҳмонов барои тоза кардан ва ба ватан овардани аъзои “Гурӯҳи 24” шабу рӯз кор мебарад. Ин аст, ки роҳбари “Гурӯҳи 24”- Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насимҷон Шарифов дар торихи 19-уми март бо дархости ҳукумати Раҳмонов аз ҷониби пулиси Истанбул боздошт шуданд ва ҳанӯз дар боздоштгоҳ қарор доранд. Додгоҳи қонуни асосии Туркия истирдоди эшонро ба хотири хатар доштан, ба мӯҳлати 3 моҳ мутаваққиф кард.

Узви дигари “Гурӯҳи 24”- Меҳрубон Сатторов ҳам, рӯзи 19.03.2018 аз ҷониби пулиси шаҳри Москав боздошт ва худи ҳамон рӯз озод карда шуд. Мо умедвор ҳастем, ки мақомоти Русия сиёсӣ будани парвандаро хуб дарк хоҳанд кард ва баъд аз таҳқиқ Холов Зулфиқаҳҳорро озод хоҳанд кард.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24