ФАВРӢ! Шобуддин Бадалов, узви “Гурӯҳи 24” дар Русия боздошт шуд

Имрӯз (01.09.2020) соати 9-и субҳ яке аз аъзоёни ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов аз ҷониби “кормандони пулис” дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия дар маҳалли зисташ дастгир карда шуд.
Тибқи маълумоте, ки дар даст дорем, якчанд нафар худро корманди шӯъбаи 5-уми Раёсати корҳои дохилӣ муаррифӣ карда, ӯро боздошт намуданд ва бо мошини пулис ба самти номаълум бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир маҳалли боздошти ӯ маълум нест ва адвокатҳои ӯ дар ин самт кор карда истодаанд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” боздошти Шобуддин Бадаловро ба фаъолиятҳои сиёсии оппозитсионии ӯ рабт медиҳад ва дар ин қазия режими Раҳмоновро гумонбар медонад. Қобили зикр мебошад, ки Шобуддин Бадалов дар якҷоягӣ бо дигар фаъолони ҳаракат дар пикети эътирозии “Истиқболи гарм” алайҳи ширкати Эмомалӣ Раҳмонов дар паради 75-солагии ғалаба дар маркази шаҳри Маскав дастгир шуда буданд. Дар он чорабини Шобуддин Бадалов ҳамроҳ бо Раҳматҷони Муҳаммад – узви дигари ҳаракат аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт шуда буданд. Додгоҳи Маскав онҳоро ду маротиба ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард. Баъд аз як моҳи боздошт, 24 июли соли 2020 онҳо пурра озод шуданд.
Айни замон намояндагони ҳаракат барои муайян кардани макони будубоши ӯ машғул мебошанд. Маълумоти бештар баъдан нашр мешавад…

Бахши иттилоотии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”


Ҳуҷҷати паноҳандагие, ки аз ҷониби Вазорати дохилаи Русия ба Бадалов дода шуда аст.