Фаврӣ!! Насимҷон Шарипов дар Туркия боздошт шуд

Имрӯз (12.03.2020) Насимҷон Шарипов – намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия аз ҷониби мақомоти ин кишвар дар шаҳри Истанбул дастгир шуд.
Мақомоти Туркия Насимҷон Шариповро аз ҷойи кораш дастгир намуда, бидуни шарҳи сабаби боздошт ӯро ба шӯъбаи пулис бурданд. Қазияи боздошт ба вакили мудофеъи Шарипов расонда шуд, ва умед меравад ба зуди сабаби боздошт, ниҳоди боздошткунанда ва боздоштгоҳи ӯ маълум гарданд. Насимҷон Шарипов ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт намуда, ба шакли қонуни дар Туркия иқомат дошт.
Ёдовар мешавем, ки Насимҷон Шарипов бо Сӯҳроб Зафар – роҳбари “Гурӯҳи 24” 19-уми марти соли 2018 бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Истанбул боздошт шуда буданд. Вале мақомоти Туркия аз истирдоди онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд. Додгоҳи Истанбул тамоми тӯҳматҳои ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро рад намуда, Насимҷон Шариповро баъди 72 рӯз ва Сӯҳроб Зафарро баъди 200 рӯз озод намуд.
Маълумоти бештар баъдан нашр мешавад.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”