То имрӯз агар 60 дар сад асир будед, баъд аз ин 100 дар сад асир хоҳед шуд!

Асир гирифтани зану атфоли маъсуму нотавони мухолифон аз ҷониби режими Раҳмонов падидаи тозае нест. То имрӯз, ба асоратгирӣ яке аз кирдорҳое буд, ки Раҳмонов ва ҳукумати ӯ барои фишор овардан ба мухолифини фикрии худ, ба кор мебурданд. Бо вучуди он ки дар ин амал муваффақ нашуданд ва ин кирдори ноҷавонмардона, ваҳшиёна ва душманонаи режими Раҳмонов нисбат ба шаҳрвандони худ, натиҷа надод, боз ҳам аз он даст намебардоранд.

Хонаводаи Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор – намояндаи “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои муштаркулманофеъ, яке аз он оилаҳоест, ки бо сабаби фаолиятҳои сиёсии Муҳаммадсобир, дар асорати режими Раҳмонов қарор доранд. Падару модар, зану фарзанд ва бародарони ӯ зери фишори мақомоти Раҳмонов буда, то имрӯз аз ҷиҳати равонӣ шиканҷа мешаванд. Мақомоти н. Рашт борҳо маҷлисҳои маҳаллӣ ташкил карда, дар он волидайни ӯро дар миёни мардум мазаммат карданд.

Дар торихи 31.12.2017-ум зану фарзанди Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор – Замонова Мадина ва писари хурдсоли ӯ Абдулқаҳҳоров Муҳаммадюсуф Муҳаммадсобирович мехостанд аз тариқи фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб бо самти Маскав сафар кунанд бо умеди дидори шавҳари худ, ки 6 сол боз фирок идома дорад. Вале масъулини фурудгоҳ ин зану тифли бегуноҳи асир ва қурбонии сиёсатро аз сафар боз доштанд ва кормандони мақомоти амнияти шаҳри Кӯлоб эшонро ба идораи амният бурда, муддати 4 соат зери пурсиш қарор доданд.

Режими Раҳмонов вақтҳои охир ба сурат вонамуд мекард, ки гӯиё самти сиёсати мардумситезонаи худро тағйир додааст. Вале дирӯз боз исбот карданд, ки ин ҷуз хок пошидан ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми худ, чизи дигаре нест.

Дирӯз, зану фарзанди Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор ба мақомоти амният дар н.Рашт ҳузур оварданд, то ин ки аз роҳбари ин бахш- Муродов Нуралӣ барои ҳалли масъала пурсон шаванд. Вале Муродов Нуралӣ бо як кибру ғурур эшонро ба ҳузур напазируфта, тариқи ёвари худ гуфтааст, ки ба онҳо гуй, ки то имрӯз агар шаст дар сад зери назорат ва асорат қарор доштанд, аз ин ба баъд сад дар сад зери назорат қарор хоҳанд гирифт ва ба ҳеҷ куҷо нахоҳанд рафт!

“Бо хун омадаем, бо хун хоҳем рафт”. Ин айнан ҷумлаест, ки Раҳмонов баён карда ва ин ҳама сифоти ваҳшиёна дар рагу хуни инҳо омезиш ёфтааст, ки дигар ҳатто ба зану фарзанди заиф ҳам раҳм намекунанд.

Бародари Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор – Сайғозиев Муҳммадзафар Абдулқаҳҳорович низ, бо сабаби фаолиятҳои сиёсии бародараш дар асорати режим қарор гирифта, наметавонад сафар кунад ва барои рӯзгораш рӯзие дарёб кунад. Мақомоти амнияти н.Рашт ҳуҷҷатҳои ӯро мусодира кардаанд, то натавонад тарки кишвар кунад. Алайҳи яке аз дигар бародарони ӯ – Сайғозиев Абдумусаёр ҳам ба хотири фаолиятҳои сиёсии Муҳаммадсобир парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад ва наметавонад ба ватан баргардад.

Ин шеваи бархурди ноҷавонмардона танҳо дар кишвари мо ҷой дорад. Чун мардон корашон бо мардон аст ва ҳатто дар ҳолати ҷанг аз зану баччаҳои маъсум истифода намешавад! Муҳаммадсобир худ шахсан дар ин роҳ рӯбарӯи Раҳмонов мубориза мебарад на ҳамсару фарзанд ё хонаводаи ӯ, бинобарин мардонавор бо худи ӯ мубориза бубаред!

Ҳукуматҳо бо ҳар шевае меоянду мераванд, вале чунин шахсиятҳо ва масъулин, ки ба шаҳрвандони кишвари худ ба ноҳақ зулм раво медоранд, русиёҳи торих хоҳанд монд! Режими Раҳмонов ҳам дер ё зуд нобуд хоҳад шуд ва он гоҳ миллат бо ин чоплусони режим, ки мардумро ба ноҳақ ситам мекунанд, ҳисобе хоҳад кушод! Ин амалҳо чеҳраи сиёҳи режими Раҳмоновро дар сатҳи дохилию хориҷӣ боз ҳам сиёҳтар хоҳад кард!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24