Тоҷикистониёни муқими Укроин ба кӯмаки мову шумо ниёз доранд

 Ҳудуди як ҳафта аст, ки дар кишвари Укроин бар асари ҳуҷуми артиши Русия ҷанг идома дорад. Вазъияти ба амал омада ҷони миллионҳо шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Укроин ба сар мебурданд, зери хатар гузошт. Дар натиҷа кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо марзҳои худро барои паноҳандагон боз карданд ва ҳамарӯза садҳо ҳазор паноҳандагон вориди ин кишварҳо мешаванд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” тавонист дар муддати кӯтоҳ ҳамаи аъзои худро аз қаламрави Укроин берун намуда, ба кишварҳои аврупоӣ ворид кунад ва ба яке аз кишварҳои амн расонад. Вале боз теъдоди зиёди ҳамватанони мо, ки дар қаламрави ин кишвар қарор доранд ва мехоҳанд онро тарк кунанд, барои аз Укроин хориҷ шудан ба кумак ниёз доранд. Бо назардошти ин нукта Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” эълом менамояд, ки омода аст барои ба кишварҳои аврупоӣ ворид шудан ба ҳамватанони муқими Укроин дасти ёрӣ дароз намояд. Амалӣ намудани ин кор ба зиммаи намояндаи ҳаракат дар кишварҳои аврупоӣ вогузор шудааст. Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумот бо шумораи +4915218557548 тамос гиранд. Мо омодаем ниёзмандонро то расидан ба яке кишварҳои амни аврупоӣ раҳбаладӣ намуда, барояшон дар масъалаи дарёфти паноҳандагӣ маслиҳат диҳем.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” инчунин аз ҳамватанони хайрхоҳи муқими Русия, кишварҳои Аврупо ва Амрико, ки имкони хуби молӣ доранд, хоҳиш менамояд, ки ба ниёзмандоне, ки қасди тарк намудани кишвари Укроинро доранд, кумак расонанд. Ашхоси хайрхоҳи муқими Русия метавонанд, ки маблағҳои худро ба картаи Сбербанк 5228600555287673 интиқол диҳанд. Ашхоси хайрхоҳи муқими Аврупо ва Амрико имкон доранд ба намояндагони ҳаракат тамос гиранд ва саҳми худро дар ин кори муҳим гузоранд. Имрӯз ҳамватанони муқими Укроин ба кӯмаки ҳар яки мо ниёз доранд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”