Таърихи ташкилёбии Гурӯҳи 24

Гурӯҳи 24 дар худ ҳаракати оппозитсионии тоҷикро аз сабаби фишори шадид дар дохили кишвар, аксаран дар хориҷ нишон медиҳад. Ин ҳаракат пас аз ҳодисаҳои Хоруғ, тобистони соли 2012 дар шаҳри Москов аз тарафи тоҷири тоҷик ва ҳамзамон арбоби сиёсӣ Умаралӣ Қувватов баъд аз тарк кардани Тоҷикистон ташкил ёфт.

Гурӯҳи 24 зидди ҳукмронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мубориза бурда ӯро дар фасод ва тақсим кардани вазифаҳои давлатӣ ба хешу табораш гунаҳкор меҳисобад.

Соли 2012 Умаралӣ Қувватов бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Иттиҳодияи Иморатҳои Араб дастгир карда шуда буд. Аз боздиди Қувватов дар Дубай нафарони кам аз атрофиёнаш хабар доштанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи баргардонидани Қувватовро мекашид. Ӯро дар иқтисоди кишвар гунаҳкор шуморида ва иброз доштанд, ки гӯё 6 миллион доллари хешу табори Раҳмоновро дуздидааст. Худи Қувватов таъкид бар он мекард, ки ин танҳо фармони сиёсист. Як муддат Қувватов паси панҷара нишаста ва бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфт, аммо бо туфайли баъзе ташкилотҳои бонуфӯзи байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи башар, мисли СММ ва САҲА ӯ озод шуд. Ҳамин тавр боз соли 2014 бо дархости ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Туркия Қувватовро дастгир карданд. Ба ин лиҳоз ҳукумати Раҳмонов хост бо дурахшонтарин ва обрӯмандтарин мухолифаш корро ба анҷом расонад вале тирашон ба хок хӯрд.

Дар аввали моҳи октябри соли 2014 роҳбари Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватов ҳамватанонро ба эътирози оромона дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда буд. 5 октябри ҳамон сол ҳукумати Тоҷикистон SMS-паёмакҳо ва садҳо сайтҳои иҷтимоии дигарро аз қабили Фейсбук, Ютуб ва Одноклассники баста кард. Инчунин шумори органҳои давлатӣ дар пойтахт зиёд ба назар мерасид. Ба ҷуз аз ин 9 октябр, Гурӯҳи 24 аз ҷониби Суди Олии кишвар ҳамчун “Ҳаракати Экстремистӣ” эълон карда шуд.

Роҳбари якуми Гурӯҳи 24, дар Туркия 5 марти соли 2015 бераҳмона ба қатл расонида шуда буд (Ба ақидаи худи мо, куштор аз ҷониби кормандони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифт). Ин куштор пас аз 2 рӯзи ҳукми Суди тоҷик ба як узви дигари Гурӯҳи 24, ки ба 17 соли зиндон ба хотири ғасби ҳукумат ва дашном ба президент маҳкум шуда буд, ба амал омад. Мухолифони президент Раҳмонов, ҳукумати Тоҷикистонро дар ташкили ин куштор гунаҳкор меҳисобанд. Баъд аз фавти Умаралӣ Қувватов, Шарофиддин Гадоев ба ҳайси роҳбари нави Гурӯҳи 24 интихоб шуда буд.

aboutusheads

Пас аз 1 сол, 31-уми январи соли 2016 шӯрои сиёсии Гурӯҳи 24 муҳокимаи солонаи худро гузаронид. Барои идомаи фаъолиятҳои сиёсӣ, шӯрои Гурӯҳи 24 тасмим гирифт баъзе навовариҳо миёни муборизон карда шавад. Шӯрои Гурӯҳи 24  Суҳроб Зафарро ба ҳайси роҳбари ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 ва Ҳусейн Ашуровро ҷонишини роҳбар интихоб намуд. Ин хабар дар ҳама расонаҳо ва сомонаҳои хабарӣ эълон карда шуда буд. Баъзе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти алоқа бо Гурӯҳи 24 ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд. Боз бисёриҳо дар Тоҷикистон ба хотири алоқа бо Гурӯҳи 24 нопадид гашта аз онҳо хабаре нест. Моҳи марти соли 2015 се нафар ба хотири ҳамкорӣ бо ин Гурӯҳ ба ҳабсҳои аз 16,5 то 17,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Боз ду нафари дигар моҳи апрели ҳамон сол барои ҳамкорӣ бо Гурӯҳи 24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 3 ва 3,5 сол маҳкум шуда буданд. Қайд кардан лозим аст, ки аъзоҳои боздоштшудаи Гурӯҳи 24 бо дархости Тоҷикистон дар Русия, Туркия ва давлатҳои Аврупо, бо талаби ташкилотҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ва беасосиву характери сиёсӣ доштани дархости Тоҷикистон озод карда шуданд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24