Танфурӯшӣ ё ” ба фурӯш гузоштани бакорат” далели фақр ва сатҳи пасти зиндагист

Як духтари 23- солаи тоҷик бакорати худро дар сомонаи ” Шаби аввал” дар музоядаи байналмилалии онлайн бо арзиши 10 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст.

Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёдеро ба бор овард. Бархе ин амали духтарро ҳамчун бадахлоқӣ маҳкум карданд, гурӯҳи дигар сабаби ин ҳодисаро дар паст рафтани ахлоқ ва коҳиши сатҳи зиндагии мардум марбут донистанд.

Дар назари аввал, дар ин амали духтар нишонаҳои ҷиноят ба назар намерасад ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танфурӯширо на манъ кардааст ва на ба он иҷозат додааст. Ин аст, ки дар солҳои охир дар кишвар фоҳишагӣ ва теъдоди фоҳишахонаҳо бештар шудаанд. Дар баробари ин, ҳодисаҳои бо роҳи фиреб ба танфурушӣ маҷбур кардани занони тоҷик дар хориҷ аз кишвар низ ба назар мерасад.

Вале, ба фурӯш гузоштани бакорат, танфурӯшӣ ва фоҳишагӣ барои менталитети мардуми тоҷик ҳам аз ҷиҳати ахлоқ, ҳам аз лиҳози шариати ислом бегона аст. Сабаби ин падидаи номатлуб, аз як тараф агар коҳиш ёфтани сатҳи пасти ахлоқ, аз тарбияи динӣ дур мондани фарзандон, дар муҳоҷират будани мардон ва беназорат мондани хонаводаҳояшон бошад, сабаби асосии дигараш сатҳи пасти зиндагӣ ва фақру нодории мардум мебошад. Тибқи рутбабандӣ Тоҷикистон дар миёни 10 кишвари нодортарини олам қарор дорад ва миёни кишварҳои ИДМ мақоми охирро ишғол менамояд.

Ба назари мо, як сабаби дигари даст задани занону духтарон ба чунин аъмол аз тарбияи динӣ дур мондани онҳост. Агар онҳо аз хурдӣ дар рӯҳияи ахлоқи дини мубини ислом тарбия ёбанд, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ қадам намегузоранд. Сиёсати динситезӣ ва таблиғи фарҳанги Ғарб аз ҷониби режими Раҳмонов, бадахлоқии мақомот, мансабдорон ва намояндагони Ҳукумат барои зиёд шудани ин падидаи номатлуб замина фароҳам овардааст. Агар дар макотиби Тоҷикистон дарси ” Ахлоқи исломӣ” ҷорӣ шавад, метавонад пеши роҳи онро гирад ва барои боиффату хушахлоқ тарбия ёфтани на танҳо духтарон, балки писарон низ мусоидат намояд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” амали аз тарафи духтар тоҷик ба музояда гузоштани бакораташро қотеъона маҳкум мекунад ва аз ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва динии кишвар ва пешвоёни дини мубини ислом даъват мекунад, ки ба он баҳои арзанда диҳанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”