Тамошои навори ” Гурӯҳи – 24″ пояҳои режими Раҳмоновро ба ларза овард

Дар Истаравшан, дар охири моҳи март се мактаббача бо гумони паҳн кардани наворҳои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” боздошт шуданд.

Ноболиғон се рӯз бозпурсӣ ва ба шарти гарав ба озодӣ раҳо карда шуданд, гӯё ки онҳо дарвоқеъ ҷинояти вазнин содир карда бошанд.

Наворҳои “Гурӯҳи-24” ягон муҳтавову мундариҷаи мамнӯъро дар бар намегиранд, дар онҳо саҳнаҳои зӯроварӣ ё даъват ба хушунат вуҷуд надоранд. Мо ҷонибдори сулҳу шукуфоии кишварем ва  танҳо рӯйдодҳоеро инъикос мекунем, ки кишвар таҳти назорати Раҳмонов дар бораи он хомӯш аст. Мо он чиро нишон медиҳем ва дар бораи он  сухан мегӯем, ки Раҳмонов онҳоро дӯст намедорад.

Аз охири моҳи март фаъолияти гурӯҳи мо, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар робита ба истирдоди ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирин Иззат Амон  аз Русия ва боздошти ӯ дар Душанбе афзоиш ёфт. Садҳо ҳамватанони мо дар Русия бидуни дастгирӣ монданд, худро комилан нотавон ҳис карданд ва ин ҳама бо айби Раҳмонов рух дод. Бо дарки он, ки Раҳмонов танҳо ба мавқеи шахсии худ дар қудрат манфиатдор аст, мардум ба амал оғоз карданд, аз манофеи худ ҳимоя карданд ва аз ҷумла аз мо пуштибонӣ хостанд. Мо ошкоро гуфтем ва навиштем, ки ин вазъ натиҷаи худсарии комил ва қонуншикании режими Раҳмонов аст. Мо танҳо аз арзишҳои демократӣ дифоъ мекунем, ки мардуми мо ба онҳо ҳуқуқ доранд, мо ба ҷанг, инқилоб, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ даъват намекунем.

Тамошои як видеои аз нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ муқаррарӣ аз ҷониби  мактаббачагони ташнаи сухани ҳақ  оқибатҳои ҷиддӣ ба бор овард:

– Мудири маорифи шаҳри Истаравшан аз вазифа сабукдӯш карда шуд;

– Инчунин дар Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳаёҳӯе оғоз шуд ва масъулин дар бораи зарурати манъи истифодаи телефон аз ҷониби мактаббачагон ва якҷоя бо волидайн тафтиш кардани он, ки наврасон дар интернет чӣ кор мекунанд, сухан гуфтанд. Ин аъмол нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, беэҳтиромӣ нисбат ба фард буда, ғайрипедагогист ва эътимод ба волидайн ва муаллимонро коҳиш медиҳад.

Ин ҳодисаи ночиз то ба Вазорати маориф расид ва онҳо зарур донистанд, ки фавран дар тамоми мактабҳои кишвар бо хонандагон дар бораи аҳамияти сулҳу субот дар кишвар сӯҳбатҳои тавзеҳӣ оғоз намуда, ба ибораи дигар насли  наврасро бовар кунонанд,  ки “Раҳмонов ҳамеша ҳақ аст”, “Раҳмонов асосгузори сулҳ ва Пешвои миллат аст” ва ҳар касе, ки андешаи дигар дорад  ва чизи дигар мегӯяд, террорист аст.

Ба назар мерасад, ки аз ҷониби мактаббачагон тамошо кардани навори видеои “Гурӯҳи-24”  як ҳодисаи ночиз аст, аммо бо назардошти вокуниши мақомот, Раҳмонов аз паҳн шудани ғояҳо ва афкори мухолиф дар ҷомеа хеле ҳарос дорад. Ва аз тарсу ғазаб дар мисоли ҳабси Иззат Амон  ба хатогиҳои дигар роҳ медиҳад, ки минбаъд мухолифати мардумро ба зидди ӯ бештар  менамояд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи- 24”