Табрикоти солинавии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24”

Тоҷикистониёни азиз!


Соли гузашта на танҳо барои сокинони Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ соли душвор буд. Пандемияи коронавирус то ҳол нагузаштааст, иқтисодиёти тамоми ҷаҳон мушкилотро аз сар мегузаронад. Аммо барои сокинони он кишварҳое, ки ҳукумат танҳо бо мушкилоти худ ва ҳифзи қудрат машғул аст, махсусан душвор аст. Бемории маккори Ковид-19 тамоми мушкилоти Тоҷикистонро ифшо кард ва мо бори дигар чеҳраи аслии Раҳмоновро дидем. Мо шоҳиди он будем, ки Раҳмонов то чӣ андоза бешармона қодир аст ба халқи худ ва ҳатто ба тамоми ҷаҳон дурӯғ бигӯяд ва ҳақиқати ҳолро инкор кунад. То кунун ҳукумати мо даъво дорад: “Дар Тоҷикистон коронавирус нест!” Аммо мутаассифона, дар кишвари мо бисёр оилаҳо аз ин беморӣ талафот диданд. Мо бо душворӣ танҳо мондем. Соҳаи тандурустии мо аз ӯҳдаи чунин ҳодисаҳои ғайричашдошт баромада наметавонад, мо таҷҳизоти зарурӣ ва кадрҳои баландихтисос надорем. Бе воситаву бе пул ба беморхона рафтан ва нигоҳубини дуруст кардан ғайриимкон аст. Мансабдорон барои табобат ба хориҷа мераванд ва як одами оддӣ метавонад танҳо ба Худои таъоло умед бандад. Мо махсусан сахт эҳсос кардем, ки дар солҳои ҳукмронии Раҳмонов соҳаи тандурустӣ ва маориф, ба фасод ғарқ аст ва ҳама чизро ошнобозиву хешутаборӣ ҳал мекунад.
Бисёре аз ҳамватанони мо бе кор монданд ва онҳое, ки дар хориҷа кор мекарданд, ба мушкилӣ дучор шуданд. Ва бори дигар фаҳмидем, ки мо бояд танҳо ба худамон умед бандем, Ҳукумати Раҳмонов бошад хунсардона чи гуна аз гуруснагӣ мурдани мардумро тамошо мекунад. Дар хазина барои кумаки иҷтимоӣ пул нест. Аммо барои таҷлил аз 30-солагии Истиқлол дар миқёси бузург пул ёфт шуд. Рахмонов медонад, ки чи тавр барои мардум аз тамоми ҷомеаи ҷахон пулу кӯмаки башардӯстона талаб кунад, аммо мардум ин кӯмакро намебинанд, ҳамааш ба кисаи оилаи Раҳмоновҳо меафтад.


Вазъияти душвор мардуми бисёре аз тоҷикистониёнро гирди ҳам овард, ба адолатпарварии онҳое, ки солҳои тӯлонӣ бар зидди зулми Раҳмонов мубориза мебаранд, эътимод пайдо шуд. Имсол ба сафи мо бисьёр ҳамсангарони нав пайвастанд.

Аммо мо ҳам талафот ҳам дидем. Мутаассифона соли 2021 масъули ҳаракат дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон бо дастури Раҳмонов рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин ҷиноят бори дигар нишон медиҳад, ки Раҳмонов ба муколама қодир нест ва барои нигоҳ доштани қудрат аз ҳеҷ кори ғайришаръӣ даст намекашад. Барои ӯ қонун вуҷуд надорад ва Раҳмонов кайҳост, ки Номус ва Адолатро фаромӯш кардааст.

Аммо мо ва мардуми шарифи кишвар ҳамеша дар лаҳзаҳои душворӣ ба ҳамдигар мадад мерасондем, бар асоси шарофатро аз даст намедодем, гузаштагони худро ҳамеша гиромӣ медоштем ва аз таърихи худ ёд меовардем. Ва новобаста аз он ки вазъият душвор буд, мо якдигарро дастгирӣ мекунем. Якҷоя мо як нерӯи бузургем!


Бигзор соли нави 2022 соли комёбиҳо бошад, ба сарзамини мо ободӣ ва мардуми Тоҷикистонро аз зулм раҳоӣ бахшад.

Ва бигзор оила ва дӯстони мо бемор дигар нашаванд. Ба ҳамаи шумо дар соли нави 2022 саломатӣ ва хушбахтӣ таманно дорем!


Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»