Табрикоти роҳбари “Гурӯҳи 24” ба муносибати иди Азҳо

Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва басо меҳрабон
Ассаламу алайкум ҳамдиёрони азиз!
Фардо, 10-уми моҳи зилҳиҷҷа ва рӯзи иди Азҳо (иди қурбон) мебошад.
Ин даҳ рӯзи оғози моҳи зилҳиҷҷа яке аз беҳтарин рӯзҳои сол ба шумор меравад, ки Худованд дар Қуръон аз онҳо ёдовар шуда ва ба онҳо савганд ёд кардааст, ки ин даҳ рӯз шомили рӯзи Арафа ва иди Азҳо мебошанд.
Дар мавриди фазилат ва бузургию ҷойгоҳи хосси ин рӯзҳо, дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) оёт ва ҳадисҳои зиёде баён шудаанд.
Иди Азҳо яке аз ду иди бузургтарини мусалмонон ба шумор меравад, ки инсон дар ин рӯз бо ибодот ва маносики хоссае ба Аллоҳ наздикӣ меҷӯяд .
Қурбонӣ кардан, ки он баъд аз адои намози иди Азҳо сурат мегирад, яке аз бузургтарин ибодоти ин аём ба шумор меравад, ки Паёмбар (с) онро аз беҳтарини садақоти нофила хондааст.
Дар ин аём инсон бо сар буридани чорвое аз шутуру гов ва ё гӯсфанду бӯз шукри зиндагӣ ва неъматҳои арзонидоштаи Худовандро ба ҷой меорад.
Ин навъи ибодат сар аз фарзандони Одам (а) ба мусалмонон як ибодати хоссе ба мерос мондааст, ки Ҳазрати Иброҳим (а) бо таслим шудан ба фармони Парвардигор ва иҷрои қурбонӣ кардани фарзанди ҷигарбандаш – Исмоъил (а), ба он ҷомаи тозае пӯшонид. Ин аст, ки мардум қурбонӣ карданро ба Иброҳим (а) нисбат медиҳанд.
Яке аз дигар маносики Ҳаҷҷ, ки аз ин рӯз, яъне рӯзи 10-уми Зилҳиҷҷа ва иди Азҳо оғоз меёбад, ин Рамюл Ҷамарот мебошад.
Дар мавриди торихи рамюл Ҷамарот ривоёти гуногуне вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо ба Иброҳим (а) мансуб мебошад. Шайтон талош мекард, то ки дар омӯзиши маносики Ҳаҷҷ ва ибодоти Иброҳим (а) халал ворид созад ва Иброҳим ҳам бо санг задан, Шайтонро аз худ дур мекард.
Мутаассифона, имрӯзҳо ҳам, шайтонҳое инсӣ аз насли Одам (а) пайдо шудаанд, ки бо ҳар роҳу васила ва баҳонае мехоҳанд монеъи ибодоти мардум шаванд. Ба хусус, дар кишвари мо бо эҷоди мушкилот, ибодати мардумро халалдор мекунанд ва монеъи он мешаванд. Баҳонаҳое ҳам ба мисли: Ситонидани фитру садақаи маҷбурӣ барои давлат, танзим ва мамнӯъ кардани Ҳаҷҷ барои инсонҳои синнашон аз 40 поин, санҷиш гузаронидани вазъи зиндагии ҳаҷҷкунанда, бар дӯши ҳаҷҷкунанда масъулияте чун сохтани роҳу пулу мактабу амсоли ин гузоштан, ҳол он ки ин масъулияти ҳукумат ва давлат аст, на ин ки як Ҳоҷҷӣ!
Дар ин ҳолот чӣ бояд кард?!
Иброҳимвор бояд зист!
Чун Иброҳим (а) мебояд ин шаютинро аз худ дур кард, то ки дигар монеъи ибодот ва хурсандии мардум нагарданд ва мо зери макру ҷабр ва майли чанд майзадаи бедине дини худро пеш набарем, балки озодона, мувофиқ ба Қуръону суннат ва фармудаҳои Офаридгор бояд зист ва ибодат кард.
Ҳанӯз ҳам, фурсати дурсозии ин шаётин аз худ вуҷуд дорад.
Дар охир, тамоми ҳамдиёрон ва мусалмонони дунёро бо фаро расидани иди бузургашон табрику таҳниат гуфта, аз даргоҳи Худованд хостори пазириши парастишҳо ва ҳаҷҷу розу ниёзҳои шумо азизон ҳастем.
Бароятон иди фараҳбахш ва хӯше таманно дорам!
Идатон муборак!