Сӯҳроб Зафар перомуни ҳаводиси марзи Ворух бо Қирғизистон

Дар торихи 15-уми марти соли ҷорӣ, роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар дар суханронии ҳафтаинаи худ бо мардум, ки ба таври пахши мустақим анҷом меёбад, перомуни ҳаводисе, ки дар марзи Ворух бо Қирғизистон ва дар Зеландияи Нав рӯх доданд, гуфтугӯе анҷом дод. Ӯ зимни суханронии худ баста ба ҳодисаи хунин ва нангине, ки дар ҳамла ба ду масҷиди шаҳри Крайстчерч аз тарафи як терористи исломситез сурат гирифт, ба хонаводаҳои шуҳадои ин ҳамла ва ба мусалмонони ин шаҳр ҳамдардӣ баён намуда, ёдовар шуд, ки агар чунин ҳамлаҳои хунин аз тарафи як мусалмон сурат гирад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дунё дарҳол ба шахси ҳамлагар террорист унвон медиҳанд ва онро ба дини Ислом рабт медиҳанд, вале чун ҳамлагар ва қотил ғайри мусалмон бошад, ӯро ё бемор муаррифӣ мекунанд ва ё ҳадди аксар ифротияш меноманд.

Афроде, ки ба чунин амалҳои хунин болои мардуми осоишта даст мезананд, воқеан бемор ҳастанд ва барои расидагӣ ба аҳдофи шуми худ, омодаанд, ки ҳама гуна нақшаҳоро амалӣ намоянд.

Чунин беморон дар кишвари мо низ вуҷуд доранд, ки ба хотири аҳдофи шуми худ, солҳои тулонист, ки ҳукуматро ғасб карда, дар баробари ҳамаи ин натавонистанд, ки миллат ва давлатро бисозанд, балки кишварро ба яке аз қашшоқтарин ва нотавонтарин кишварҳои дунё табдил доданд. Маҳз, худи инҳо сабаб шуданд, ки ҳоло кишварҳои ҳамсоя яке пушти дигаре мехоҳанд, ки порчае аз замини кишвари моро бо истифода аз тарсуӣ ва ҳамоқати ин афрод, моли худ кунанд ва шаҳрвандону сарбозони моро дар дохили хоки кишвари худ лату кӯб ва ҳатто ба шаҳодат расонанд. Сарбозоне, ки мебояд бо ҷон аз хоку буми ватан ҳимоят кунанд, ҷасорат ва тавони бо ду сарбози ҳамсоя рӯ ба рӯ шуданро надоранд. Чаро имрӯз сарбозони мо ба ин ҳол гирифтор шудаанд?!

Сабаб дар ин аст, ки он муассисаҳо ва вазоратҳое, ки масъулияти баланд бардоштани минталитети миллӣ ва ғайрату ҷасорат ва дифоъ аз хоки кишварро доранд; аз қабили КДАМ, ВКД, Артиши миллӣ ва амсоли инҳо , ба дасти касоне афтодаанд, ки худ дарки ғайрату ҷасорат, озодӣ, пешрафт ва арзиши инсонию арзиши миллиро надоранд. Инҳо ҳанӯз натавонистаанд, ки миллат ва як ҳукумати устувор ва қавӣ бисозанд. Чӣ гуна инҳо метавонанд, сарбози диловар тарбия кунанд ва пушту паноҳи сарбозону мардум бошанд, дар ҳоли ки худ маддоҳони сарсахти як диктатор ҳастанд ва танҳо дар андешаи манофеи шахсии худ мебошанд. Он нафароне, ки воқеан ба мардум ва кишвар садоқат доштанд ва ғайрату ҷасорати миллиро соҳиб буданд ва мардум ва кишварро ба қиммати ҷон ҳимоят мекарданд, бо дасти ин диктатор ва атрофиёнаш ё ин ки кушта шуданд ва ё дар зиндонҳо қарор доранд.

Роҳбари “Гурӯҳи 24” дар охири сӯҳбати худ ба хонаводаҳои шуҳадо ва маҷрӯҳони Ворӯх, ки дар ҳодисаҳои марзӣ ба шаҳодат расонида шуданд, таслият намуда, ба эшон сабру таҳаммул аз Худованд хостор шуд ва дар хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки ин қазия набояд ин бор бо як оши оштӣ ва ду пиёла чойи кабуд рӯпӯш ва фаромӯш шавад. Ӯ таъкид кард, ки қотилони шаҳрвандони мо бояд расман муайян карда шуда, ҷазо дода шаванд. Ба хонаводаҳои шуҳадо хунбаҳо супурда шавад ва дар сурати такрори чунин ҳамлаҳо, ҳукумат ва артиш на танҳо омода , балки тавони посух гуфтанро дошта бошанд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24