Сӯҳроб Зафар аз боздоштгоҳ хориҷ шуд

Сӯҳроб Зафар – роҳбари “Гурӯҳи 24” имрӯз (5-уми октябр), расо баъди 200 рӯзи ҳабс аз боздоштгоҳ озод карда шуд.
Тасмими озодии ӯро Додгоҳи шаҳри Истанбули Туркия, баъд аз таҳқиқоти тӯлоние, ки тақрибан 7 моҳ идома дошт содир кард.
Сардодраси парванда – Исмат Тӯркал ва ёварони ӯ – Ризо Шенгӯл ва Батул Озбакш зери қарори додгоҳии 1511/2018 ва 679/2018 тамоми иттиҳомоти ҷониби Тоҷикистонро рад карда, ҳамаи онро беасос ва буҳтон номида, қарори озодии Сӯҳроб Зафарро ба имзо расониданд.

Режими диктотурӣ ва террористии Раҳмонов ин бор ҳам, дар сатҳи ҷаҳонӣ шикаст хурд. Бо вуҷуди тамоми иттиҳомоти сохта ва ба кор бурдани ҳамаи роҳу воситаҳо натавонист Сӯҳроб Зафарро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Раҳмонов ва ҳукумати фалаҷи ӯ дигар аз ҷониби кишварҳои мустақил ва озода шинохта шудааст ва наметавонанд ба ин осонӣ кишварҳои адолатпарварро фиреб диҳанд.

Роҳбарият ва аъзои “Гурӯҳи24” изҳори сипоси худро бори дигар ба кишвари Туркия ва роҳбари он – Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ба созмонҳои пуштибони ҳуқуқи башар ва тамоми шахсоне, ки дар озодии Сӯҳроб Зафар чӣ бо дуо ва чӣ бо қалам саҳм доштанд, мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва намояндаи гурӯҳ дар Туркия – Насимҷон Шарифов дар торихи 19-уми марти соли равон аз тарафи мақомоти шаҳри Истанбул бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буданд.

Раҳмонов имрӯз (05.10) зодрӯз дорад. Аз ин ки мақомоти Туркия Сӯҳроб Зафарро ба Тоҷикистон таслим накарданд, Раҳмонов хеле шикаставу маҳзун буд. Ба ин хотир, озодии Сӯҳроб Зафар як тӯҳфаи беназире барои Раҳмонов дар ин рӯзи таваллудаш хоҳад шуд. Мо бо вуҷуди мухолиф буданамон ба ин диктатор дар ин рӯз армуғоние дорем.

Дар қарори додгоҳи Истанбул, инчунин омадааст, ки аз ҷониби “Гурӯҳи 24” дар қаламрави Туркия кудом ҷинояте содир нагардидаст ва ин ҳаракат ғаири қонунӣ шинохта нашудааст.
Қобили зикр аст, ки “Гурӯҳи 24” ягона гурӯҳи мухолифи Раҳмонов аст, ки фаъолияташ дар Туркия ва кишварҳои муштаракул манофеъ ба роҳ монда шудааст ва аъзоъю тарафдоронаш бо вуҷуди фишорҳои пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон фаолияти сиёсии худро идома медиҳанд.

Пайғоми роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ба мардум дар наздиктарин фурсат дар пахши зинда сурат хоҳад гирифт.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

  • https://www.facebook.com/app_scoped_user_id/1640510012945768/

    Озодӣ муборак Сӯҳроб Зафар!
    Марг ба диктатур Эмомалӣ Раҳмонов!