Сӯҳроб Зафар: АЗ БАДАХШОН ТО ВАҲДАТ!

Ёддошти Сӯҳроб Зафар, роҳбари “Гурӯҳи 24”

Режими диктотурии Раҳмонов октябри соли 2018-ум бори дигар талош кард, ки мардуми сарфарози Бадахшонро ба зону нишонад. Вале новобаста аз таҳқиру таҳдид ва муҳити сахту ситамкоронааш натавонист ба мардуми Бадахшон таъсире расонад! Вақте муҳлати додашудааш ба поён расид ва натиҷае надод, роҳи дигареро пеш гирифт ва ба таҳрики мардум гузашт:
1) Ҷавононро эҳсосотӣ кард, то ки даст ба ҷиноёт бизананд, вале муваффақ нашуд.
2) Билохира, ҷавонзанеро дар минтақа бо усули номардонаи режим таҳқир карданд. (забони фаҳши режим бароятон ошност) 
Дар баробари ин, бар алайҳи интизороти режим, мардум эътирози худро ба шакле дигар анҷом дод ва ба майдонҳо рехтанд, он чизе ки режим аз он сахт тарс дорад.
Дар баробари эътирозҳои мардумӣ, режим дигар тавони саркуб ва хомӯш кардани мардумро ба монанди солҳои пешин надошт, чун ин бор мухолифини режим ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳам иртиботи наздик доштанд ва нагузоштанд, ки режим хостаҳои шуми худро амалӣ созад. 
Баъди бо шикаст рӯбарӯ шудани барномаҳои режим, режими Раҳмонов барномаи дигареро рӯи даст гирифт ва аввалин кореро, ки анҷом дод, ин буд, ки дастрасӣ ба интернетро маҳдуд кард ва нақшаи “Ошӯб” дар зиндони Хӯҷандро амалӣ кард. Сабаб аз маҳдуд ва хомӯш кардани интернет ин буд, ки режим медонист, ки дар зиндонҳо бо ҳар роҳе набошад, зиндониҳо то як андозае ба интернет дастрасӣ доранд ва маълумот берун мебарояд. Ба ҳамин хотир, пеш аз он амалӣ террористиаш интернетро хомӯш кард. 
Зимни ин амалиёт, Раҳмонов ба мисли ҳамешагӣ дар сафари корӣ (ОДКБ-Қазоқистон) қарор дошт ва суханро аз терроризму экстремизм оғоз мекард.
Ҳадаф аз ин амалҳои террористӣ дар он буд, ки режим бояд фикри мардумро аз эътирозу ошубҳои Бадахшон ба ин тараф равона кунад ва дар баробари ин паёме ҳам ба мардуми Бадахшон дошта бошад, ки “Ҳавосатон бошад, ки хоҷа хашмгин аст” ва метавонад ин рӯзро дар сари шумо орад. Дар ин амали хунину нангин бештар аз 60 нафар қурбонии бозиҳои режими имрӯза шуданд. 
Бо вуҷуди ин, ҳеҷ кишвари дунё режими Раҳмоновро барои ин амали ваҳшиёнааш маҳкум накард ва режим бошад, ин ҷинояти худро бо ҷашн гирифтани Ифтитоҳи Роғун рупӯш кард. Режим баъди ҳар як ҷинояташ ин амалро анҷом медиҳад ва дар рӯзи мотами мардум мерақсад. 
Дар муддати 6 моҳ, боз режим айни ҷинояти хунинро анҷом дод ва даст ба қатли ваҳшиёнаи маҳбусони сиёсии зиндони Ваҳдат зад, ки дар натиҷа бештар аз 30 нафар ба шаҳодат расид ва режим боз ҳам мисли ҳамешагӣ барои рӯпӯш кардани изи ҷиноёташ бархе аз ҷасади кушташудагонро ба соҳибонашон надод ва бархеро дар як муддати кутоҳ ва бидуни ҷаноза ба хок супурд ва эҳтимол дорад, боз ин мусибатро ҳам бо ҷашни Рӯзи ҷавонон рӯпӯш кунад. 
Чуноне мегӯянд:
“Ба тан ҳар навъ либосе гар бипушӣ,
Ман аз тарзи хиромат мешиносам.”
Мо ҳам ин ҳамаро аз барномаҳои пеш аз интихоботии режим медонем.
Вале режим бар ин аст, ки гӯиё ошӯб маҳсули дасти як гурӯҳи террористист. Режим ҳамеша айби худро сари дигаре бор мекунад. 
Чун аз гузашта таҷруба кардем, ки режим бо вуҷуди анҷоми ин ҳама ҷиноёт, маҳкум нашуд ва ҳеҷ посухи муносибе дода нашуд, ба ин хотир пешниҳод ва дархосте дорам:
1) Рӯзноманигорон бояд ба хонаи шуҳадои ин ҳодиса раванд ва тадқиқоти дақиқеро рӯи даст гиранд ва маълумотро мустақим аз хонавода ва наздикони қурбониён дастрас кунанд. Аз тарҷумаи ҳоли эшон бо хабар шаванд. Махсусан, Радиои Озодӣ, ки имкон ва тавони бештаре барои анҷоми ин кор дорад. 
2) Хонавода ва наздикони ин шуҳадо бояд дигар пардаи тарсро аз рӯи худ баркананд ва барои шараф ва хуни ҷигарбандони хеш бо рузноманигорон ва созмонҳои кафили ҳуқуқи инсон дар иртибот бароянд ва воқеиятро расонаӣ кунанд, то ҳақиқат рӯ занаду шакку гумонҳо аз байн раванд. 
Дар охир, ба тамоми хонавода ва наздикони қурбониёни ин ҳодиса, чи маҳбусон ва чӣ зиндонбонҳо, ки ҳамагӣ қурбони бозиҳои хунини режими Раҳмонов шуданд, таслият арз мекунам. Руҳи шуҳадо шод ва ҷояшон биҳишти ҷовидон бошад.
Бояд ба мардум тазаккур диҳем, ки то даме ки ин режим сари қудрат аст, ҳамасола мо бо чунин ҳодисаҳои хунин рӯбарӯ хоҳем шуд!

Манбаъ: Фейсбук
https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=1191829370986734&id=100004790477686