Сӣ соли Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон чӣ дод?

 Ба даст овардани Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ аз муҳимтарин омилҳои рушди кишвар  ва пураҳамияттарин ҷашнҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон дониста мешавад.

Имсол мардуми Тоҷикистон 30-солагии ин санаи таърихиро таҷлил менамояд. Ба ин муносибат дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки : “ муҳимтарин дастовардҳо ва муваффақиятҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои ҷасуронаи Эмомалӣ Раҳмонов мебошанд.”

Аммо, ин даъвоҳо аз ҳақиқат дуранд ва сухан дар бораи кадом дастовардҳо меравад?  Дар давоми 30 соли истиқлолият Тоҷикистон метавонист суботи иқтисодиро ба даст оварда, рушд кунад, аммо мутаассифона на мардуми кишвар, балки  танҳо Раҳмонов ва хешовандони ӯ ба шукуфоӣ ноил шуданд.

Дар бораи  “дастовардҳо”- и президент бисёр далелҳои нангин мавҷуданд, ки чанде аз онҳоро мисол меорем:

  • Раҳмонов бо овози баланд эълон кард, ки бо бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ ниҳоят мушкили таъмини аҳолиро бо барқ ҳал хоҳад кард. Дар натиҷа, ӯ воқеан бо истифода аз пули давлат нерӯгоҳи барқӣ сохт, аммо ба ҷуз аз шаҳри Душанбе дар саросари кишвар лимити барқ боқӣ монд. Дар асри 21 аксари сокинони кишвари мо норасоии доимии барқро аз сар мегузаронанд.
  • Мухолифин ва озодии суханро комилан аз байн бурд. Ба муносибати Ҷашни Истиқлол ӯ қонуни афвро ба имзо расонид ва қотилону таҷовузкорон ба озодӣ мебароянд, на маҳбусони сиёсӣ!
  • Дар Душанбе биноҳои нав месозанд ва одамон аз ин хушҳоланд, аммо дар айни замон ба хотири лоиҳаҳои судовар мероси таърихӣ ва ёдгориҳои меъмории шаҳр вайрон мешаванд. Яке аз чунин ҷиноятҳои пурсарусадо  тахриби Кохи президент, ё бинои собиқ Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист буд, ки дар пули 100 сомонӣ тасвир шудааст.
  • Дар ниҳодҳои давлатӣ дар ҳама сатҳҳо мутахассисони беихтисос кор мекунанд, зеро дар кишвар кадрҳо дар натиҷаи «хешутаборбозӣ» таъйин карда мешаванд. Одамони боистеъдод дар аввалин фурсат  кишварро тарк мекунанд.
  • Фасод ба миқёси бесобиқа расидааст, кас метавонад ҳама чизро бо пул харидорӣ намояд.
  • Дар кишвар рақобати озоди иқтисодӣ вуҷуд надорад ва хешовандони Раҳмонов тамоми бозорҳоро инҳисор кардаанд.
  • Раҳмонов ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ба таври дағалона дахолат мекунад ва фармон медиҳад, ки ба кӯдакон чӣ ном гузошта шавад, чанд нафар меҳмонон ба маърака даъват карда шаванд, мардум чӣ гуна либос пӯшанд ва ғайра.
  • Як қисми қаламрави кишвар, тақрибан 1000 метри мураббаъро ба Чин дод (дар асл фурӯхтт) ва баҳси марз бо Қирғизистон  то ба ҳол ҳал нашудааст.
  • Дар муддати сӣ сол Раҳмонов ҳатто натавонист дар соҳаи маориф ислоҳот гузаронад ва Қонуни забони давлатиро дар амал татбиқ намояд.

Ҳама “дастовардҳо”- и чашмраси Раҳмонов танҳо аз аксу тасвирҳои ӯ  дар саросари кишвар, як гурӯҳ чоплусону маддоҳоне, ки дар васфи ӯ шеър мехонанд  ва ҷашнҳои бушукӯҳе, ки бо пули ҳангуфти буҷа баргузор мешаванд, иборат аст. Ба чунин ҷашнҳои бошукӯҳ ва серхарҷ танҳо  Раҳмонов ва атрофиёни ӯ ниёз доранд, вагарна далели маҷбуран иштирок кардани мардум дар чорабиниҳои идонаро чӣ гуна метавон шарҳ дод.

Кор ба дараҷае расидааст, ки кормандони полис хона ба хона гашта мардумро маҷбур месозанд, ки дар гаштугузорҳои ҷашнӣ иштирок кунанд. “Чаро шумо дар хона нишастаед, ин ҳама оташпарониҳо (фейверкҳо)  барои кист?” –  муроҷиат мекунанд намояндагони мақомот ба шаҳрвандон. Одамон бошанд, дар фикри  оташпаронӣ  нестанд, онҳо дар ғами дарёфти як луқма нон барои фарзандонашон ҳастанд.

Дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ кофӣ нест ва аз 8 миллион шаҳрванди  кишвар тақрибан як миллион маҷбуранд ба хориҷа, бештар аз ҳама ба Русия ба кор раванд. Воридоти маблағи муҳоҷирони корӣ, тибқи ҳисобҳои ғайрирасмӣ, ҳамасола тақрибан нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.  Ин аст “дастовард”-и  асосии ҳукмронии 30 -солаи Раҳмонов!

Ва ин танҳо фикри мо нест, ки Раҳмонов дар тӯли 30 соли истиқлоли Тоҷикистон натавонист кори хубе анҷом диҳад, бисёре аз сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, иқтисоддонҳо ва коршиносони байналмилалӣ низ дар ин бора ҳарф мезананд. Масалан, коршиноси олмонӣ оид ба масоили Осиёи Марказӣ Эшмент менависад:  “Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳолати ногувор буда, аҳолӣ дар остонаи бақо қарор дорад, дар ҳоле ки хонаводаи Раҳмонов ва ҳамватанони данғарагии ӯ торафт доротар мешаванд.”

Тоҷикистон фақиртарин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва дар қатори 30 кишвари фақиртарини ҷаҳон қарор дорад. Бо чунин натиҷаи ғамангез мардум ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷамъбаст мекунанд. Мо ба  маросими бошукӯҳе, ки Раҳмонов баргузор менамояд, муқобил ҳастем, зеро барои сазовор ҷашн гирифтани он , ба ҷуз аз ончи дар боло гуфта шуд ва инчунин паҳншавиву  сирояти коронавирус дастоварди арзандаи дигаре надорем.

Сарфи назар аз ин ҳама, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  тамоми сокинони кишварро бо ин санаи муҳими таърихӣ, бо ба даст овардани Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ самимона табрик намуда, барояшон тансиҳатӣ ва шодкомӣ таманно менамояд  ва орзуи онро дорад, ки мардум рӯзе аз сарчашмаи асосии  бадбахтиҳо ва фақри кишвар – диктатор Раҳмонов ва оилаи бешумори ӯ истиқлолият ба даст оранд!

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″