Сафарҳои диктатор – Раҳмонов

Маъмулан, сафарҳои диктатор – Раҳмонов то солҳои 2016-ум ба тамоми кишварҳо бо як шукӯҳу шаҳомат ва таблиғоти зиёд анҷом меёфт. Рафти сафарҳои ӯ аз телевизион ва родию намоиш дода мешуд ва тими таблиғотии саршор аз тамаллуқгаронаш аз ҳар як қадами ӯ гузориш медоданд. Вале инак се соли охир сафарҳои ин диктатор ба таври махфӣ сурат мегиранд ва танҳо пас аз анҷоми он сафар, бо чанд аксу навиштае аз рафти он сафар гузориш медиҳанд. Медонед, ки сабаби ин дигаргунӣ ва паноҳкорӣ ва тарсу ҳарос дар тими таблиғотии Раҳмонови пир чист ? Айнан худи ҳамон “Пешвози гарм”, яке аз барномаҳои “Гурӯҳи 24” аст, ки баччаҳои ин гурӯҳ дақиқан соли 2016-ум дар яке аз кишварҳои урупоӣ- кишвари Чех, ин диктатори то ин вақт бо як шаҳомату шукӯҳ ва истиқбол бо шеъру суруд ва гулдастаҳо пешвозшавандаро “Пешвози самимӣ ва гарм ” гирифтанд! Хеле гарм! Вале ба гунае дигар! На бо гулдастаҳо ва шеъру таъзим, балки мисли шерри ғурранда бо садои шерона ва ба Раҳмонов нофорам! Бо садои “Раҳмонов – диктатор, Раҳмонов – қотил, Раҳмонов – дузд, диктатор, аз мардум нагурез, Чехия, чаро ба диктатор ҷой додед”! Муборизбаччаҳои “Гурӯҳи 24” дар рӯ ба рӯи қасри президенти кишвари Чех, дар миёни сарони баландпояи ҳукумати ин кишвар, дар иҳотаи садҳо пулис, дар иҳотаи даҳҳо муҳофиони тарсӯи Раҳмонов, ки дигар аз дасташон коре намеомад, шеррона майдондорӣ мекарданд. Ҳӯш аз сари Раҳмонов парида буд! Бори аввал чунин истиқболеро медид! Дар хиёлаш намеғунҷид! Сагбаччаҳояш ҳам талош мекарданд барои хушнудии пешвояшон ҳадди ақал ба шакли лафзӣ ба муборизбаччаҳо ҳуҷум биёранд, вале пулиси кишвари Чех ба онҳо имконияти бештар намедод. Онҳо хеле асабонӣ ва ғазабнок шуда буданд, вале инҷо дигар майдон буд! Майдони озодӣ! Танҳо коре ки аз дасти онҳо меомад, пас аз сафар ба хонаводаҳои муборизон фишор овардан.

Пас аз ин ” Истиқболи гарм ” дигар Раҳмонов аз тарси чунин пешвозгириҳо тӯли 3 сол ба Аврупо сафар накард . Ёдовар мешавем, ки “Гурӯҳи 24” як қатор митингу пеуетҳоеро, зери барномаи “Истиқболи гарм” аз Раҳмонов дар шаҳрҳои Санкт Петербург дар соли 2016-ум ва Маскав соли 2019-ум роҳандозӣ кард. Як ду моҳ пеш, ” Гурӯҳи 24″ хабаре дарёфт карда буд, ки Раҳмонов ба Аврупо сафар кардан мехоҳад ва дақиқан ба кишвари Суис ва Фаронса. Дар ин маврид аз тарси ” Истиқболи гарм” расман ҳеҷ куҷо дигар хабар надода буданд. Мебоист ин сафар ҳам ба таври пинҳонӣ сурат гирад. Чун медонистанд, ки боз шербаччаҳо ин бор ҳам гулӯгираш хоҳанд кард. “Гурӯҳи 24” ин хабарро барои Сюрпризе чун “Истиқболи гарм” монда буд, вале рӯзҳои охир, ин хабар дар расонаҳои мухолифин садо дод. Ин ба Сюрпризи “Гурӯҳи 24” халал ворид кард, вале ба ҳар ҳол мо расман аз “Истиқболи гарм “- Раҳмонов хабар медиҳем. Албатта, Раҳмонов пас аз ин саъй мекунад, ки то ҳадде пинҳонкорона мисли муш сафарашро анҷом диҳад, вале Аврупо ин Тоҷикистон нест, ки мардум битарсанд. Ва мисли муш ҳам сафари худро анҷом додан, дигар барои Раҳмонов имкон надорад! То “истиқболи гарм”!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”