Сафари Диктатор Раҳмонов ба Маскав

Дар торихи 16-уми апрели соли ҷорӣ, Раҳмонов ба Маскав сафар кард. Қарор буд, ки ӯ рӯзи 17-уми апрел сафар мекард, вале бо далелҳои номаълуме сафари худро аз мӯҳлати муқаррарӣ як рӯз пеш гузошт. Ҳадаф аз ин сафар, натоиҷ ва чӣ гуна анҷом ёфтани сафари Раҳмонов ва ҳайати ҳукумати ӯро дар ин ду рӯз бароятон рӯшан хоҳем кард. Сафарҳои Раҳмонов маъмулан дар дохили кишвар бо як шукӯҳу шаҳомат ва масрафоту сохтакориҳои зиёд сурат мегиранд. Барои истиқболи ӯ мактаббачагон ва ба хусус духтаракони зеборо бо гулдастаҳо ва куртаҳои остинкутоҳи чакан новобаста аз чигунагии ҳаво иҷборан ба сафаргоҳи ӯ меоранд ва садҳо метр қолину роҳравҳои гаронбаҳо барояш пояндоз меандозанд. Диктотурҳо ин равиши сохтакорӣ ва хушомадро меписанданд. Ба ҳангоми сафарҳои хориҷӣ низ, ҳайати баландпояи ҳукумат дар фурудгоҳ ӯро гусел мекунанд. Ба мисли ҳамешагӣ, ин бор ҳам, барои гусел кардани ӯ раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон- Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси маҷлиси Намояндагон – Шукурҷон Зуҳӯров, сарвазири Тоҷикистон- Қаҳҳор Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон- Озода Раҳмон в дигарон ба фурудгоҳ рафта буданд. Мувофиқи сафарҳои президентҳои кишварҳо ва чигунагии истиқболи онҳо, мебояд аз як раиси ҷумҳур, ё раиси ҳукумат ва ё сарвазири кишвар истиқбол кунад. Вале боз ҳам, ба мисли ҳамешагӣ дар хориҷ аз кишвар Раҳмоновро чунон истиқбол карданд, ки шоистааш буд. Дар фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав ба истиқболи Раҳмонов на раиси ҷумҳури Русия – Владимир Путин омаду на сарвазири он кишвар, на раиси ҳукумат ва на ҳатто вазири корҳои хориҷии Русия – Лавров омаданд. Балки бо назардошти қиммат ва ҷойгоҳи Раҳмонов ба пешвози ӯ- Григорий Карасин, ба қавле ёвари вазири Корҳои хориҷии Русияро фиристоданд.

Аз ин навъи истиқбол табъи Раҳмонов дар ин сафар хира ба назар мерасид. Илова бар ин, намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Русия, зери барномаи “Истиқболи гарм”, ки як барномаи “Гурӯҳи 24” аст, ӯро хеле “самимӣ” истиқбол карданд. Намояндагони “Гурӯҳи 24” бо баргузор кардани пикетҳои инфиродӣ ва навиштаҷотҳое бо шиори “Шинос шавед: Диктатор Раҳмонов” ва дигар шиорҳои ба ин монанд бар алайҳи Раҳмонов, дар маркази шаҳри Маскав дар назди Кремлин ба пешвози ӯ баромаданд. Илова бар ин намояндагони “Гурӯҳи 24” ба роҳгузарон китобчаҳое тақсим карданд, ки дар он аз корномаҳои ин диктотури фартуд сухан мерафт ва дар истгоҳу ҷойҳои ҷамъиятии пуродам аксу шиорҳое алайҳи Раҳмонов овезон мекарданд. Раҳмонов ба ҳар куҷое, ки сафар кунад, аз ҷониби “Гурӯҳи 24” чунин гарм истиқбол карда хоҳад шуд.

Ҳадаф аз ин сафари ӯ, бар акси он чи кӣ дар расонаҳои ҳукуматӣ нашр мешавад, чизи дигарест. Раҳмонов дар пешорӯи як интихоботи муҳим қарор дорад. Интихоботе, ки дар он ҳадафи эҳтимоли интиқоли қудратро ба писараш-Рустам барномерезӣ дорад. Ин амр ба гумон ва бовари Раҳмонов бидуни иҷозаи Кремл ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, ин сафар барои Раҳмонов як сафари тақдирсоз ҳисоб меёбад. Ӯ тамоми талоши худро ба харҷ медиҳад, то қудрат ба шакли одӣ ба писараш интиқол ёбад. Ин аст, ки солҳост аз воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ худдорӣ мекард ва онро ҳамеша тул медод. Вале дар ин сафар баръакс бештар аз ҳамкориҳои иқтисодиву ҳарбӣ сухан мекард. Дар назар аст, Раҳмонов бо интиқоли қудрат ба Иттиҳоди гумрукии Авру осиё ворид шавад. Ҷуз ин, аз он чи кӣ расонаҳои ҳукуматӣ нашр кардаанд, рӯшан аст, ки ин сафари ба қавле хидматии Раҳмонов ба мардум ва кишвар ҳеҷ манфиате ба дунбол надошт. Зеро ҳамасола даҳҳо шартнома миёни Тоҷикистону Русия ба имзо мерасад, вале ҳеҷ яке аз он амалӣ намегардад.

Раҳмонов аз Русия тақозо кард, то муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик афв карда шаванд ва ба дигар муҳоҷирон дар раванди буду бошашон осонӣ сурат гирад, аммо ин хоҳиши Раҳмонов аз ҷониби ҳамтои русаш пазируфта нашуд. Ин диктатор ҷои он ки дар фикри баргардонидан ва кам кардани шумори муҳоҷирон бошад, баръакс барои бештар шудани саффи онҳо дархостҳо дорад, чун медонад маблағи солонаи муҳоҷирон ба кишвар бештар аз ММД- и Тоҷикистон аст. Диктатор Раҳмонов дар ин сафар бо роҳбарони диаспораҳо, донишҷӯён, тоҷирон ва дигар тоҷикони муқими Русия вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ӯ аз он варақае, ки барояшон омода карда буданд, ба муҳрҷирон маърӯзаеро қироат кард. Раҳмонов ибтидо аз Роғун ва истиқлолияти барқӣ оғоз кард, дар ҳоле ки бештари аҳолии кишвар бо лимити барқ рӯ ба рӯ ҳастанд ва “Барқи тоҷик” бо вуҷуди аз андоз озод будан муфлис шудааст ва ин муфлисӣ ва ноӯҳдабароии худро дар изҳороте ба гардани мардум бор кард ва мардумро муқассир ва қарздор донист.

Ӯ яке аз дигар дастовардҳо дар соли гузаштаро кушодани роҳҳо ном бурд, ҳол он ку ҳанӯз ҳам, мошинҳои ҳоимли бори тоҷикон дар марзи Туркманистон моҳҳо боз дармондаанд ва дар марзи Қирғизистон бошад, чандин нафар ба шаҳодат расонида шуданд. Раҳмонов аз соҳибкорон ва тоҷирони бурунмарзӣ даъват кард, то дар иқтисоди кишвар ва дар ҷодаи соҳибкорӣ саҳмгузор бошанд. Ин ситамкор фикр мекунад, мардум аҳмақ ҳастанд ва намедонанд, ки фазои тиҷорӣ дар Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст. Ё фикр мекунад, он ҳама тоҷирони муваффақе, ки аз тарафи Раҳмонов, фарзандону домодонаш ва ҳатто додарарусонаш зиндонӣ шуданд ва ё кушта шуданд, ё ин ки бадарға шуданд ва молу мулкашон кашида гирифта шуд, аз ёдҳо рафтаанд.

Дар рафти суханронии худ, ӯ аз вазъи илму маориф сухан гуфт. Ёдаш рафта, ки бештар аз 40 доктори профессор ва номзади илмҳо, ки ҳадди ақал аз тарафи Пойгоҳи таҳқиқотии Диссернет ба асардуздӣ айбдор шуданд. Раҳмонов дар мавриди воситаҳои муосири иттилоот фармуд: “Имрӯз рушди воситаҳои муосири иттилоот имконият медиҳад, ки аз дуртарин нуқтаи сайёра афкори шаҳрвандони ин ё он давлат таҳти таъсири воқеӣ қарор дода шавад.” Ин ҳарфҳо дар ҳоле аз забони ин диктотур садо медиҳад, ки инак як ҳарфта мешавад, ки мардум бар алайҳи гарон шудани нархи интернет дар Тоҷикистон эътирозу сару садоҳо доранд. Аз гуфтаҳои ин қотил бармеояд, ки ӯ хатаре дар курсияш эҳсос кардааст ва аз ин рӯ бо ҳар роҳу восита ва ҳар қиммате ки набошад, даҳони мардумро мебандад ва мардумро аз дастрасӣ бо якдигар маҳдуд ва маҳрум мекунад.

Фаъолони “Гурӯҳи 24”, ки ҳангоми сафари Раҳмонов дар маъракаи “истиқболи гарм” иштирок намуда буданд, аз тарафи полиси Маскав боздошт шуданд ва пас аз ду соат раҳо шуданд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24