Сарқонуне, ки дар муддати 27 сол се маротиба тағйир дода шуд

 6 ноябри соли 1994 мардуми кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Сарқонун- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард, ки он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва  Эъломияи ҳуқуқи башар таҳия гардида буд.  Қабули ин санади муҳим барои рушди Тоҷикистони мустақил, озод, ҳуқуқбунёд ва демократӣ шароит муҳайё намуд.

 Сарқонун санадест, ки асосҳои сохти конститутсионии кишварро барои садсолаҳо муайян намуда, он дар марҳилаҳои муҳим ва таърихӣ тағйир дода мешавад. Вале Раҳмонов барои ҳифзи режими диктатории худ дар муддати 27 соли ҳокимияташ се маротиба ба Сарқонун тағйироту иловаҳо ворид намуд.  

 Бори аввал  26 сентябри соли 1999, пеш аз баргузории интихоботи президентӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар қатори баъзе тағйироти ҷузъӣ муҳлати ваколати Президент аз 5 ба 7 сол тамдид гардид. Ин тағйирот  бо мақсади бештар дар сари қудрат боқӣ мондани Раҳмонов сурат гирифт. 

 Мутобиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон он замон муҳлати ваколати раисҷумҳур пас аз давраи дуввуми интихоб дар ин вазифа  ба охир мерасид ва Раҳмонов дигар ҳуқуқ надошт, ки дар интихобот иштирок кунад.  Бо мақсади боз ҳам дар қудрат боқӣ мондани Раҳмонов  22 июни соли 2003 дар раъйпурсии умумихалқӣ ба Сарқонун дар қатори баъзе иловаҳои ҷузъӣ тағйирот ворид карда шуд ва ибораи  “ як муҳлат”  ба “ду муҳлат” иваз карда шуд.

 Тағйироти севвум ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 ворид карда шуд, ки мутобиқи он аз ҷумла  синни номзадҳо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 35 то 30-солагӣ поин оварда шуд. Раҳмонов бо ворид намудани  ин тағйирот ба Сарқонун мақсад дошт, ки дар сурати мабодо ҳокимиятро ба  писараш вогузор намояд. Ҳамчунин дар Конститутсияи кишвар институти “Пешвои миллат” сабт шуда, ба Раҳмонов як қатор салоҳиятҳо, аз ҷумла ҳаққи пешниҳоди номаҳдуд ба мақоми президентӣ ва дахлнопазир будани ӯ ва хонаводааш дода шуд.

Тавре мебинем, Раҳмонов барои тамдид намудани ваколаташ дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар бор бо ворид намудани тағйиру илова ба Сарқонун ба қонуншиканӣ роҳ дода, баръакс Қонуни асосии кишварро борҳо нақз намудааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” дар арафаи баргузории раъйпурсии соли 2016 аз сабаби ғайриқонунӣ будани ин маъракаи сиёсӣ тибқи як барномаи семоҳа  аз мардуми кишвар даъват намуд, ки дар ин маърака иштирок накунанд. Дар баробари ин “Гурӯҳи 24” Сарқонуни соли 2016-ро ба сифати Қонуни асосии кишвар эътироф намекунад.

Ҳамин тавр, Раҳмонов дар қотори дигар ҷиноёт ва  қонуншиканиҳои бешумораш  барои ҳифзи курсӣ ва ҳокимияти хонаводагияш  се дафъа  Сарқонунро нақз кард, ки ин амали ӯро мо ҳамчун ғасби  ҳокимият арзёбӣ мекунем. 

Дар охир Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” тамоми мардуми кишварро ба Рӯзи Сарқонун табрик намуда, орзуи онро дорад, ки дар Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар  зулму истибдод аз байн равад ва қонун ва адолат барқарор гардад.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”