Саркӯб имрӯз дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст

 Раҳмонов аз оғози ба сари қудрат омадани худ суботкорона ва ҳадафмандона аз ҳаммаслакони собиқ ва мухолифинаш халос шуд ва ниҳоят имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари режими тоталитарӣ, ба як кишвари мардумаш беҳуқуқ табдил ёфтааст. Саркӯб ягона василаи  нигоҳ доштани қудрат барои Раҳмонов аст. Ҳар нафаре имрӯз дар Тоҷикистон барои кӯчактарин амали норизоият аз Раҳмонов ва сиёсати давлат  метавонад “террорист” ё “душмани халқ” эълон шавад. Шахсе, ки тасмим гирифтааст сиёсати Раҳмоновро ошкоро интиқод кунад, ҳаёт ва саломатии худро зери хатари азим мегузорад, ки ин ба ҳама равшан аст. Аммо амалҳои мақомот рӯз аз рӯз бештар ба истерика, қасосгирӣ шабоҳат доранд ва аксар вақт ба ақли солим намеғунҷанд. Ҳатто он нафароне, ки ба режим таҳдиди воқеӣ надоранд, зери фишору саркӯб қарор мегиранд.

Мо борҳо дар бораи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими Раҳмонов бар зидди ҳуқуқу озодиҳои одамоне, ки қонунро риоя мекунанд,  навишта будем. Хабари ба зиндон рафтани пирамарди 80-сола Дониёр Набиев касеро бетафовут нагузошт. Моҳи августи соли 2020 ӯ барои аз рӯи раҳм кӯмаки хурди молӣ кардан ба зиндониёни сиёсӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Амалҳои ӯ ба режим ҳеҷ гуна таҳдид намекард, балки зоҳиран Раҳмоновро ба хашм овард ва бо вуҷуди пиронсолӣ ва надоштани ҷиноят ин мард як қурбонии навбатии диктатор шуд. Ин қазия як навъ паём ба ҷомеъа буд, ки ба касе раҳм намешавад, барои Раҳмонов фарқ  надорад, ки ту хурд, пир, солим ё бемор ҳастӣ.

Шаҳрвандони бовиҷдон, ки аз сиёсати Раҳмонов розӣ нестанд ва чӣ гуна хомӯш буданро намедонанд, маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд. Аммо дар хориҷи кишвар ҳам онҳоро на танҳо маҷбур мекунанд, ки хомӯш бошанд, балки кӯшиш мекунанд  ба ватан баргардонида,  ҷазо диҳанд.

Яке аз маъмултарин шеваҳои таъсиррасонӣ ба мухолифини берун аз Тоҷикистон саркӯб ва фишор болои наздикону пайвандони онҳост, ки дар хона мондаанд. Ба онҳо таҳдид мекунанд, ки аз кор озод мешаванд, ба сарашон зӯроварӣ мекунанд ва кӯдаконашонро аксар вақт таъқиб менамоянд. Ин хеле даҳшатнок аст! Дар бораи таъқиби духтари 9-солаи фаъъол Шабнам Худойдодова ҳама медонанд. Гурӯҳи наворбардорӣ ба синфи духтар омада, ӯро ошкоро ба духтари “террорист” ва “душмани халқ” будан муттаҳам карданд, ки баъд аз он духтар аз ҷониби мактаббачагон, омӯзгорон ва мансабдорон мавриди таҳқир қарор гирифт.

Агар чунин чораҳо ёрӣ надиҳанд, он гоҳ Раҳмонов онҳоро берун аз марзҳо, ҳатто бо доштани шаҳрвандии хориҷӣ ҳам ором намегузорад. Аллакай даҳҳо ҳодисаҳое маълуманд, ки мухолифинро бар хилофи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол додаанд ва мо борҳо дар бораи онҳо навиштаем. Раҳмонов худро беҷазо ҳис мекунад, аз вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хашми мардуми оддӣ наметарсад.

Дар Тоҷикистон рӯзноманигорон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ таҳти таъқиби шадид қарор доранд ва усулҳои таъсиррасонӣ низ кофӣ ҳастанд: аз таҳдид бо маҳрум кардан аз муҷаввиз, аз даст додани ҷои кор, то фишор болои наздикон ва ҳукми зиндон. ВАО-и мустақил боқӣ намондааст, ҳама чиз мавриди баррасиҳои шадид қарор дорад.

Шахсоне, ки мехоҳанд ҳақиқатро нависад ва онро ба самъи мардум расонанд, маҷбуранд пинҳон шаванд. Аммо режим ба таври айёрона дастрасии мардумро ба иттилооти ҳақиқӣ маҳдуд мекунад. Ҳамин тавр, Ахбори Мирзои Салимпур дар моҳи ноябри соли 2020 аз баста шудани ин сайт хабар дод, ки бо вуҷуди таҳдидҳои  пайваста аз бастани ин сомона устуворона мубориза мебурд, вале дар ниҳоят ба фишори хонаводааш тоб оварда натавонист.  Барои навиштани як гапи ноогоҳона, барои “лайк” ва репост дар интернет  ба зиндон меандозанд. Ва ин ҳама зери ниқоби мубориза бо терроризм ҷараён дорад.

Раҳмонов барои осон кардани саркӯби мардумаш қонунҳои носолим ихтироъ мекунад. Масалан, дар ҷараёни муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пандемияи Ковид-19, дар ҳоле ки ҳукуматҳои дигар кишварҳо кӯшиш мекарданд, ки шаҳрвандони худро дастгирӣ кунанд, Раҳмонов эълон кард, ки дар Тоҷикистон ин беморӣ вуҷуд надорад  ва  моҳи июли соли 2020 Қонун дар бораи манъи паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва нодуруст дар бораи ин бемориро қабул кард. Ва дар асоси ин Қонун, ҳар шахсе, ки бо овози гӯяд, ки вай ба Ковид-19, ки расман дар кишвар вуҷуд надорад, гирифтор аст, метавонад ба зиндон маҳкум шавад. Мардум метавонад барои ҳама чиз, ҳатто барои кӯмак ба маъюбон, масалан,  дар мисоли ҳодисае, ки бо Нусратулло Саидов иттифоқ афтод, ба зиндон раванд. Баъди кӯмак ба хонаводаи маъюбон Нусратулло Саидовро дар ин мавзӯъ боздошт ва бозпурсӣ карданд, ки пули маъюбонро аз куҷо дарёфт кардааст? Дар солҳои ахир чанд нафар барои дарёфти интиқоли пул аз наздикони мухолифин дар хориҷ зиндонӣ шуданд.

Ва агар шахс худаш пул кор карда бошад, бомуваффақият ба тиҷорат машғул бошад, ин ҳам метавонад сабаби таъқиб шавад, зеро Раҳмонов оилаи бузург дорад ва захираҳои бештар лозим мешавад. Тиҷорати муваффақро мегиранд ва хуб аст, ки агар соҳиби он саривақт ба хориҷ аз кишвар пинҳон шавад.

Чунин низом боиси ба вуҷуд омадани фасоди азим дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид ва имрӯз ҳар як шахсро  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд барои ситонидани ришва боздошт ва ба терроризм муттаҳам кунанд: шумо агар пул медиҳед, ҳама айбҳо аз шумо бардошта мешаванд.

Имрўз ягон нафар наметавонад дар Тоҷикистон бидуни тарс барои худ ва наздиконаш зиндагӣ кунад ва ба ояндаи фарзандонаш боварӣ дошта бошад. Ҳар яки мо метавонем қурбонии режими диктатории хунхор ва бераҳми Раҳмонов гардем.

 

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи -24»