Рӯзи Президентро дар Тоҷикистон ба зодрӯзи Раҳмонов табдил додаанд!

 Дар Тоҷикистон ба мисли аксари кишварҳои олам дар қатори як идда ҷашну маросимҳои милливу динӣ ҳамчунин як теъдод ҷашнҳои марбут ба рамзҳои давлатдорӣ низ мавҷуданд. Яке аз чунин маросимҳо Рӯзи Президент аст, ки аз соли 2016 инҷониб ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан ҳам, таҷлили ин гуна ҷашнҳо, аз қабили Рӯзи Сарқонун, Рӯзи парчам ва Рӯзи президент барои тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги гузашта зарур ва боаҳамият аст. Дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Амрико дар ин рӯз таърихи зиндагии президентҳоро воқеъбинона омӯхта, бурду бохти фаъолияти онҳоро таҳлил намуда, аз он сабақ мегиранд.

Вале дар Тоҷикистон режими Раҳмонов ин рӯзро ҳам ба манфиати мустаҳкам намудани пояҳои низоми истибдоди худ истифода мебарад.
Аввалан, 16 ноябр интихоб гардидани Рӯзи президент тасодуфӣ нест, зеро маҳз дар таърихи 16 ноябри соли 1992 Раҳмонов ба сари қудрат омад ва баъдан 16 ноябри соли 1994 ӯ бори аввал ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. Баъдан, дар ин рӯз дар кишвар танҳо сухан аз корномаҳои нотакрори Раҳмонов меравад. Радио ва телевизион аз субҳ то шом танҳо дар бораи Президент ҳарф мезананд, филми мустанад нишон медиҳанд, сарояндаҳо дар васфи Президент месароянд, шоирон шеъри мадҳия мехонанд. Дар мактабҳо дар бораи зиндагӣ ва осори Президент дарси махсус бахшида мешавад. Хулоса ин рӯз дар сартосари кишвар ҳамчун зодрӯзи Раҳмонов ҷашн гирифта мешавад. Ҳол он, ки аввалин Президенти Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва аввалин Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол Раҳмон Набиев буданд. Дар Рӯзи президент дар Тоҷикистон касе аз ин ду шахсияти таърихи Тоҷикистон ёд намекунад ва гӯё, ки танҳо Раҳмонов раиси ҷумҳури кишвар бошад, ки ин инҳирофи таърих аст.

Сокинони кишвар, махсусан ҷавонон чунин тасаввур мекунанд, ки дар Тоҷикистон танҳо бояд Раҳмонов раиси ҷумҳур бошад. Онҳо дар зери мафҳуми Президент танҳо Раҳмоновро дар назар доранд. Дар тасаввури онҳо Раҳмонов гӯё Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат раҳонида, ба имрӯзи шукӯфон табдил додааст. Таърихи сисолаи кишвар танҳо марбут ба Раҳмонов аст.

Вале дар ин рӯз касе аз камбудиҳои кишвар, аз муҳоҷирати беш аз ду миллион нафар барои кор ба Русия, ночиз будани маош ва нафақа, баланд будани нархи маҳсулот, бебарқӣ, фасод, беҳуқуқии мардум сухан намегӯяд. Режим агар як идда аҳолӣ, алалхусус ҷавононро мағзшӯӣ карда бошад, ки ба сафсата ва афсона дар бораи “Қаҳрамони Тоҷикистон” Раҳмонов бовар кунанд, иддае аз ҳақиқати ҳол бохабаранд, вале аз тарс сухан намегӯянд. Раҳмонов ва режими худкомаи ӯ озодии баён ва сухани ҳақро саркӯб мекунад, чун аз он сахт меҳаросад. Ин аст, ки талош дорад бо ҳар роҳу восита мухолифини сиёсии худро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар боздошт карда, равонаи зиндон кунад.

Вале он рӯз дур нест, ки ин низом сарнагун шавад ва дар Тоҷикистон як низоми демокративу мардумсолор бунёд гашта, раиси ҷумҳур на абадан, балки барои ба муҳлати муайян интихоб гардад ва мардум тавонад Рӯзи президентҳои воқеӣ ва мардумиро ҷашн гирад, зеро умри дурӯғ кӯтоҳ буда, пояи зулм бебақост!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”