Рӯзи забон ба таърихи асли бояд баргардонида шавад (навор)

Тавре мову шумо огаҳем, дар Тоҷикистон 5-уми октябр Рӯзи забонро таҷлил менамоянд. Дар ин робита мехостам андешаҳои худро иброз намоям.
Дуруст дар ёд дорам, охири солҳои султаи Шӯравӣ, аниқтараш соли 1989 буд. Ман он замон дар мактаби миёна мехондам. Мавҷи бозсозӣ аз марказ то ба гӯшаву канори ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз озодиву демократия паём меовард ва эҳсоси худшиносии мардумро бедор менамуд. Дар Тоҷикистон низ зиёиёни равшанфикр сари масъалаи эҳёи муқаддасоти миллӣ ба андеша рафтанд ва корро аз забони модарӣ шӯруъ намуданд. Лоиҳаи Қонуни забон ба муҳокимаи ҳамагонӣ пешниҳод гардид ва қабул шуд.
Воқеан, он замон забони мо зери таъсири забони русӣ монда буд ва мардуми мо ҳангоми гуфтугӯ аз бисёр вожаву истилоҳоти русӣ истифода мебурданд. Ин буд, ки равшанфикрони мо бо як шӯру шавқ пайи тоза кардани забон аз вожагони бегона ва рушду нумӯи он камар бастанд. Акнун мо бояд биандешем, ки дар муддати сӣ сол дар ин самт чӣ кор кардем, ба куҷо расидем ва вазъи забони мо чӣ гӯна аст?
Суоли аввале, ки ба зеҳни ман меояд, ин аст, ки чаро мо дар муддати сӣ сол ба алифбои аслии худ барнагаштем? Ҳамагӣ огаҳем, ки алифбои моро ба таври иҷборӣ, аввал соли 1929, баъд соли 1939 тағйир доданд. Вале, имрӯз кӣ монеъ мешавад, ки мо ба алифбои худ баргардем? Ҳукумати Тоҷикистон баҳона пеш меорад, ки дар сурати тағйири алифбо мо қафо мемонем. Ҳамсояҳои мо бо тағйири алифбо суръати рушдашон суст нашуд-ку! Ин ба назари  ман барои мақомдорони мо баҳонае беш нест. Онҳо даъво доранд, ки ба тағйири алифбо мо ниёзе надорем. Пас, аз таъриху фарҳанги пурғановати гузашта ифтихор кардан, ҳарфи озодиву истиқлол ба миён овардан чӣ маънӣ дорад?
Масъалаи дуввум ин аст, ки дар муддати соҳибистиқлолиамон оё вазъи забондонии мо беҳтар шуда аст? Баъзеҳо, мо неруҳои озодихоҳро таъна мезананд, ки мо забонро хуб намедонем. Бигзор онҳо ҳақ бошанд, вале биёед як ба сатҳи сухандониву маҳорати наттоқии Раҳмонов ва вазиру кабиронаш нигарем. Дар байни аъзои Ҳукумат, аз боло сар карда то поён ягон нафареро пайдо наметавон кард, ки бо забони софи тоҷикӣ дуруст суҳбат карда тавонад. Шояд баҳона пеш оваранд, ки онҳо ҳама парвардаҳои замони шӯравӣ ҳастанд. Вале таззод дар он аст, ки онҳо аз Пешвояшон сар карда, то Сарвазиру вазирони маорифу фарҳанг, ягон нафар на бо тоҷикӣ суҳбат карда метавонад, на бо русӣ (куҷо расад ба инглисиву олмонӣ). Пас, дар зарфи сӣ сол Раҳмонов бо тамоми вазирону кабиронаш забони тоҷикиро натавонистанд дуруст ёд бигиранд.
Қонуни забони давлатӣ дар асл 22-уми июли соли 1989 қабул гардида буд ва Рӯзи забон низ бояд ҳамасола дар ин рӯз, яъне 22-уми июл ҷашн гирифта шавад. Вале баъд аз бист сол, бо ташаббуси раиси вақти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ тасмим гирифтанд, ки Рӯзи забон ҳамасола 5-уми октиябр таҷлил гардад. Онҳо баҳона пеш оварданд, ки замони таҷлили ин ҷашн ҳаво бениҳоят гарм ва айёми истироҳату рухсатии мардум аст. Мо намехоҳем дар тобистони гарм истироҳати мардумро халалдор ва онҳоро азият диҳем, аз ин сабаб ба қарор омадем, ки Рӯзи забонро бо зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонов дар як вақт ҷашн гирем. Яъне, онҳо боз як хатои нобахшиданӣ содир карданд ва забонро бо шахсе, ки аслан ба забон ҳеҷ хидмате накардааст, рабт доданд. Бубинед, ки инҳо натанҳо моли мардумро медузданд. ба мардум зулму ситам ва халқро дарбадару  овора мекунанд.  Онҳо ба ин ҳама қаноат накарда, боз мехоҳанд таърихи моро бидузданд. Ин ҳам на таърихи 200 соли пешро, балки таърихеро, ки ҳоло шоҳидони он зинда ҳастанд. Инро дуздии аср мегӯянд. Ин аламовар аст. Боз алам овартар он аст, ки боре як ҷавоне дар барномаи “Садои мардум” аз режими Раҳмонов пуштибонӣ кард. Вақте сухангӯи барнома ба ӯ суол дод, ки истиқлолияти Тоҷикистонро кӣ эълон кард, дар зери Эъломия имзои кист? Ӯ ҷавоб дод, ки имзои Раҳмонов аст.
Бубинед, ин режим, ин Ҳукумат то чӣ андоза мафкураи ҷавононро хароб карда аст, ҳама чизро хидмати Раҳмонов медонанд ва ҳатто  истиқлолият ва  забонро ҳам бо номи ӯ алоқаманд карданд. Вале ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон инро қабул надорам. Барои ман Рӯзи забон 22-уми июл аст. Таҳрифи таърих ин хиёнат аст. Ҳар кас, ки таърихро  мехоҳад аз назари худаш бинависад, иштибоҳи бузурге содир мекунад.      Имсол мо мебоист 22-уми июл сисолагии қабули Қонуни забонро таҷлил менамудем. Вале дар он гармии тобистон (тавре, ки баҳона оварда Рӯзи забонро тағйир дода буданд), бубинем, ки Раҳмонов ва режими худкомаи ӯ ба чӣ кор машғул буданд.
22-уми июл дар Ворӯх байни мардуми тоҷику қирғиз муноқиша сар зад ва як нафар омӯзгори 52-солаи ворӯхи аз тири марзбонони қирғиз кушта шуд. Раҳмонов бошад, ба тиҷорати маъмулии худ, ба ҷойивазкунии кадрҳо машғул буд ва тибқи нақша ба силсиласафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омодагӣ медид. Мардум бошад, бародарону хоҳарони мо бо  донишҷӯёну талабагони макотиб ва устодонашон дар он рӯзҳои тобистон, зери офтоби гарм тамрин мекарданд, ки чӣ гуна бояд Раҳмоновро пазироӣ намоянд, чӣ шеъру сухани хубе гӯянд, чӣ мадҳияе хонанд, чӣ либоси зебое пӯшанд ва чӣ рақсу сурудеро пешниҳод намоянд, кадом гулдухтарони хушқаду қомат ба ӯ гул тақдим намоянд, чӣ акси пайвандони Пешвояшонро дар чӣ чорчубаи зебое тақдим намоянд, ки ба Ҷанобашон писанд ояд. Пас, маълум мешавад, ки онҳо омодаанд барои чанд дақиқа болида гардонидани табъи Пешвояшон зери офтоби гарми тобистон ҳафтаҳо ташнаву гурусна, арақи ҷабин рехта, заҳмат кашанду барои дар тобистони гарм ҷашн  гирифтани Рӯзи забон омода нестанд. Яъне, боз фиребу гӯл задани мардум,  боз дурӯғ, боз таҳқири миллату мардуми Тоҷикистон.
Дар саҳнаи сиёсати  Тоҷикистон як нафар 27-сол аст, ки масхарабозӣ намуда, ба чашми мардум хок мепошад. Интиқоли Рӯзи забон яке аз саҳнаҳои масхарабозии ӯст. Вай дар зарфи 27-сол онгуна дар офаридани саҳнаҳои масхара обутоб ёфт, ки ҳатто Убайдулло Раҷабов ба ӯ баробар шуда наметавонад.
Хулосаи гап ин аст, ки ман ва боз ҳазорҳои дигар ин амали ҷинояткоронаи Раҳмоновро маҳкум менамоем ва қабул надорем. Барои мо Рӯзи забон 22-уми июл – он рӯзи таърихиест, ки зиёиёни боору номус, адибону олимони ҳӯшёру меҳанпарасти мо дар он замони ҳасос ва сарнавиштсоз Қонуни забонро ба тасвиб расониданд.
Ман имон дорам, ки ҳаргуна режимҳои истибдодӣ ва худкома рӯзе аз байн мераванд ва дур нест, ки режими диктотурии Раҳмонов низ сарнагун хоҳад шуд. Он гоҳ ҳақиқати таърихӣ барқарор хоҳад шуд ва миллати озодаву сарфарози мо иди забонро дар рӯзи мавлуди аслиаш ҷашн хоҳад гирифт. Таърихро дурӯғ навиштан нашояд, таърихро бояд бо ҳама шириниву талхиаш, бо ҳама бурду бохташ холисона навишт, зеро он дар ҳама ҳолат таърихи мост. Таърихро ислоҳ кардан имкон надорад, бояд таърихро воқеъбинона омӯхт ва аз он сабақ гирифт. Мо бояд барои ояндагон таърихи ростини худро ба мерос гузорем, зеро умри дурӯғ кӯтоҳ аст.
 
Cуҳроб Зафар
04.10.2019