Русия бо истидрори боз ду аъзои “Гурӯҳи 24” ҳуқуқи байналмилалиро бори дигар нақз намуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 1 сентябри соли равон узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов дар шаҳри Нижний Новгороди Русия аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ рабуда шуд. Ҳарчанд тибқи маълумоти мо ӯ аллакай шоми ҳамон рӯз ба Тоҷикистон фиристода шуда буд, вале мақомоти Русия то дер гоҳ ба ин ҳодиса даст доштани худро пинҳон доштанд ва танҳо пас аз муроҷиатҳои чандкаратаи мо ба ниҳодҳои дахлдори ин кишвар ва баргузории пикетҳои эътирозии фаъъолони Гурӯҳи 24 дар назди сафоратхонаҳои Русия дар кишварҳои хориҷӣ ниҳоят эътироф намуданд, ки Шобуддин Бадалов рӯзи 1 сентябр аз тариқи фурӯдгоҳи Демодедоваи Маскав ба Душанбе парвоз кард. Ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон бошанд, то кунун дар Тоҷикистон қарор доштани Шобуддин Бадаловро расман тасдиқ накардаанд.

Пас аз ин ҳодисаи нангин, 20 сентябр ду аъзои дигари Гурӯҳи 24: Холов Фахриддин Зиёевич ва Қамаров Низомиддин Исомиддинович ҳангоми убур аз гузаргоҳи” Карлова”- и марзи Русия бо Эстония боздошт шуданд. Ҳангоми боздошт кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо раҳбари минтақавии Гурӯҳи 24 дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор тамос гирифта, изҳор намуданд ки боздоштшудагонро дар сурати интиқоди расмияшон аз тариқи телевизион аз Ҳукумати Русия метавонанд раҳо кунанд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Ин амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия санҷиш буд ва онҳо дар асл ашхоси зархариде буданд, ки мехостанд сиёсати кишварашонро доғдор кунанд, барои Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 то ба ҳол маълум нест ва ҳамчун муаммо боқӣ мемонад.

Рӯзи 21 сентябр нашрияи 47 news хабар дод, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ба таври ғайриқонунӣ убур намудани марзи Русия бо Эстония дастгир шуданд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки онҳо бо гумони даст доштан ба таъсиси гурӯҳҳои ифротгаро таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ва дар назар аст, ки мақомоти Русия тибқи дархости Тоҷикистон онҳоро ба ин кишвар истидрор намоянд. Ин дар ҳолест, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар қаламрави Русия ҳамчун созмони ифротӣ эътироф нашудааст. Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 барои равшанӣ андохтан ба ҷузъиёти ин ҳодиса ва дарёфти посухи мақомоти расмии Русия ба ниҳодҳои марбутаи ин кишвар бо ирсоли номаву дархост расман муроҷиат намуд, вале то муаяйн гардидани мавқеи Тоҷикистон оид ба қазияи Холов Фахриддин ва Қамаров Низомиддин ҳодисаи боздошти онҳоро аз ҷониби мақомоти ҳифзи Русия расонаӣ накард.

18 ноябри соли равон барои мо дар куҷо қарор доштани аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ маълум гардид ва 24 ноябр бошад, раҳбари минтақаии созмон дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар нашрияи Коммерсантъ дар атрофи қазияи мазкур мусоҳибае анҷом дод. 26 ноябр нашрияи” Коммерсантъ” хабар дод, ки мақомоти Русия бар хилофи аз тарафи Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар манъ гардидани истидрори намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” то ба ҳол ин таъоҳудро нақз мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз ҷумла моҳи сентябри соли равон ду нафар аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бар асоси ҳукми Додгоҳ бо гуноҳи вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳолест, ки Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ихроҷи намояндагони ин созмони сиёсиро ба Тоҷикистон манъ кардааст. Ёдовар мешавем, ки Холов Фахриддин ва Қамаров Низомиддин бори аввал соли 2018 барои вайрон кардани қоидаҳои сабти номи муҳоҷират дар Санкт-Петербург боздошт шуданд, вале бо талошҳои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ мақомоти Русия дархости истирдоди онҳоро бар асоси моддаи 3 Конвенсияи аврупоии ” Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон”, ки боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шудани аъзои ин созмони сиёсиро ба кишварашон манъ мекунад, рад намуда, онҳоро озод карданд. Рӯзи 20 октябри соли равон Раёсати корҳои дохилии Русия оид ба Санкт-Петербург тасдиқ кард, ки Холов Фахриддин ва Қамаров Низомиддин 22 сентябр ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Наздикони боздоштшудагон низ тахмин мезананд, ки Қамаров Низомиддин дар боздоштгоҳи Хуҷанд ва Холов Фахриддин дар боздоштгоҳи Душанбе қарор доранд. Бояд гуфт, ки Русия бори аввал нест бар хилофи талаботи моддаи 3 Конвенсияи аврупоии ” Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон” амал менамояд ва намояндагон ва аъзои фаъъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”- ро дар қаламраваш боздошт ва эҳтимол бо маблағи калон ба Тоҷикистон мефурӯшад.

Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 ҳодисаҳои ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон фиристода шудани аъзои фаъъолашро сахт маҳкум мекунад ва қасд дорад ин парвандаро то ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ва дигар созмонҳои байналмилалӣ кашад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”