Роҳбарияти ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24”

Роҳбарияти ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24”

31-уми январи соли 2016-ум, ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24”, нишасти солонаи худро гузаронд, ки дар он ба ҳайати роҳбарикунандаи ҳаракат, ба хотири боз ҳам хубтару фаъолтар пеш бурдани фаъолияти сиёсӣ, тағйирот ба амал омад. Аъзои шӯро Сӯҳроб Зафарро ба ҳайси роҳбар ва Ҳусейн Ашуровро ҷонишини роҳбари ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” интихоб намуд.

sz

Сӯҳроб Зафар яке аз муассисин ва фаъоли ҳаракатҳои мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон мебошад”. Ӯ фаъолияти сиёсии худро аз замони таъсисёбии ин ҳаракатҳо шурӯъ намуда, то имрӯз давом дода истодааст. Ӯ иштирокчӣ ва шоҳиди тамоми ҳодисаҳои сиёсӣ ва ҷамъомадҳои ташкилшуда ва ё алоқаманд ба ҳардуи ҳаракатҳо мебошад. Роҳбари муносиби ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” буда, хусусият ва қобилияти роҳбариро дар худ дорад.

ha

Ҳусейн Ашуров низ, яке аз муассисин ва фаъоли ҳаракатҳои мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” мебошад. Дар ҳама муҳокимаҳои алоқаманд ба ҳардуи ҳаракатҳо фаъолона ширкат варзидааст. Нотиқи забардаст буда, бо якчанд забонҳо сухан мегӯяд. Эҷодкунандаи шабакаи “Новый Таджикистан 2” дар радиои интернетии “Zello” мебошад, ва вақтҳои аввал ҷавобгӯи ҳама барномаҳо дар шабака буд. Ҷонишини муносиби роҳбари ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” мебошад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24