Раҳмонов расонаҳои озодро аз байн мебарад

 Мо чанде пеш дар бораи ҳамла ба рӯзноманигороне, ки барои инъикоси тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ВМКБ кор мекарданд, навишта будем. Хабарнигорони «Азия Плюс» мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки дар натиҷа нашрия аз инъикоси ҳаводиси ВМКБ даст кашид. Хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва “Настоящее время” низ мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Ҷабрдидаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бо дархости пайдо ва муҷозот кардани омилони ин ҳодиса ба Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карданд, аммо то ба ҳол мақомоти давлатӣ ба ин дархостҳо расман посухе надоданд ва ҳатто тафтишот гузаронида нашудааст. Ин ҳама моро ба чунин хулоса меорад, ки дар паси ин ҳамлаҳо бевосита мақомоти Тоҷикистон истодаанд. Ҳадафи Раҳмонов бошад, ҷилавгирӣ аз озодии ВАО, ҷилавгирӣ аз паҳн кардани маълумоти дуруст аст.
Ин рӯйдодҳо истисно ва нав нестанд. Кори рӯзноманигоре, ки рӯйдодҳои рӯзмарраро аз нигоҳи ҳақиқат инъикос мекунад, дар Тоҷикистон хеле хатарнок аст ва аз назари мақомот бетаъсир намемонад. Фишор болои матбуоти озод дар кишвар муддатҳост, ки идома дорад.
Биёед танҳо чанде аз ҳолатро ба ёд орем:
Моҳи майи соли 2020 Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори «Азия-Плюс» якбора ду маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт. Рӯзи 11 май дар Душанбе рӯзноманигорро барои матлаби “Чаро тоҷикон дар вақти пандемия аз дастфишорӣ худдорӣ намекунанд?” латту кӯб карданд, ки вай хостори ҷорӣ кардани карантин дар кишвар шуда буд. Қабл аз латукӯб тавассути телефон ба ӯ таҳдидҳои зиёде сурат гирифт. Бори дуввум рӯзноманигор рӯзи 29 май ҳангоми наворбардорӣ дар бораи паёмадҳои сел дар вилояти Хатлон мавриди латукӯб қарор гирифт. Пас аз он Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як изҳороти бемантиқ нашр кард, ки гӯё худи рӯзноманигор гунаҳкор аст, зеро ӯ дахлнопазирии манзилро вайрон карда, бе иҷозат ба хаймаи қурбониёни сел ворид шуда, “хостааст, ки дар ҷабрдидагон нисбати давлат ва ҳукумат эҳсоси норозигӣ бедор кунад”.
Моҳи апрели соли 2020 рӯзноманигор Далер Шарипов пас аз нашри мақолаҳои интиқодӣ боздошт шуд ва танҳо ба далели эътирози густурдаи ҷомеа ва дахолати созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба 1 соли зиндон маҳкум шуд. Одатан дар чунин мавридҳо ҳукм сахттар аст. Аммо рӯзноманигор комилан бегуноҳ буд ва танҳо барои тарсонидани дигарон ӯ маҳкум шуд. Вагарна ин тасмими мақомотро дигар хел шарҳ додан мумкин нест.
Соли 2020 сомонаи хабарии “Ахбор” низ баста шуд. Мирзо Салимпур ин тасмимро чунин шарҳ дод, ки пас аз қарори Додгоҳи олӣ дар бораи мамнӯъ эълон шудани ин сомона дар қаламрави Тоҷикистон, “дар фаъолияти ин сомона мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст.”
Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми расонаҳои озод ва мустақил аз байн бурда шудаанд ва мардум ба иттилооти саҳеҳ ва дуруст даст надоранд. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” сиёсати ҷинояткоронаи Раҳмоновро нисбати аз байн бурдани расонаҳои озод дар кишвар шадидан маҳкум мекунад. Дар ҷое, ки Васоити Ахбори Оммаи озод вуҷуд надорад, он ҷо диктатура ҳукмрон аст!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24”