Раҳмонов падарандари Истиқлоли Тоҷикистон аст!

Салом дӯстон ва ҳамватанони азиз!
Имрӯз ҷашни Истиқлолият аст. Расо 30 сол пеш кишвари азизи мо соҳибистиқлол гардид ва ин неъмати бузург барои ҳар қавму миллат чун обу ҳаво зарур аст. Вале на ба ҳама миллатҳо муяссар мегардад, ки ин неъматро ба даст оранд ва соҳибдавлат гарданд, бисёр миллатҳо аз сабаби бедавлатӣ дар олам паҳну парешонанд. Шояд назари Парвардигор буд ва ё шуҷоати ҷавонони озодандеш ва ё пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эъломияе Истиқлолияти давлатиро қабул кард.

Мехоҳам дар атрофи ин мавзӯъ баъзе фикру андешаҳои худро баён кунам.

Гарчанде мо Истиқлолият ба даст овардем, аммо дар кӯтоҳтарин фурсат ин тифли навзод аз падару модар маҳрум гардид ва дере нагузашта бемор шуд.
Ин тифл ба муолиҷа ниёз дошт, аммо бар ивази марҳам баръакс ба захмҳои ин тифл нохун заданд, то он ки аз он хун ҷорӣ шуд.

Ин ҳамон хуне буд, ки дар майдони Озодӣ ва Шаҳидон рехта шуд.
Ин ҳамон хуне буд, ки аз пайкари беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷорӣ гардид. Ин ҳамон хуне буд, ки бар асари барҳадар рехта шудани он тамоми кишвар мотам гирифт.
Маризии ин тифл тулонӣ буд ва қариб монда буд, ки нобуд гардад, вале боз ҳам раҳми Парвардигор омаду ба ин тифл шифо ато намуд. Мардуми кишвар сарҷамъ шуданд ва дар он ақида буданд, ки акнун ормонҳояшон амалӣ мешавад ва миллат рӯзи нек хоҳад дид.


Шояд аз соддагӣ буд ва ё доштани қалби пок ва зуд бовар кардан, ки ба ҷисми он кудак воксин гузарониданд.
Ҳама чиз фаромӯш шуд, тифли хурдакак аз он фахр мекард ки ба по хестааст.
Аз он бехабар, ки он воксин на ба хотири шифо ёфтан, балки нобуд кардани ӯ будааст..
Ҳадаф аз гузаронидани ин воксин чӣ буд?
Афроде мехост то муайян кунад ин кудак аз насли кист!
Ҳар нафаре ин кӯдакро ба оғӯш мегирифт, дар кутоҳтарин фурсат кушта мешуд ё зиндонӣ мешуд.. Ва сабабҳои ин кушторҳоро ба он рабт медоданд, ки гуё на оғӯши кӯдак ӯро кушт, балки ӯ мехост кӯдакро ба қатл расонад.
Мардум чун тоза аз набардҳои бемаънӣ халос шуда буданд, ба ин макрҳо зуд бовар мекарданд.
Бо ҳамин усул то имрӯз ин роҳ идома дорад.


Дар ягон ҳолат мардум сари худро баланд карда натавонист.
Ормонҳои миллат дар рӯи дафтари сафед боқӣ монд!
То имрӯз дигар касе пайдо нашуд он кӯдакро муолиҷа кунад, то бузург шавад, ва ҳатто ҳар нафаре як пайванде ба ин тифл дошт, то имрӯз тақдираш норавшан боқӣ мондааст.
Бо мурури солҳо барои мардум нафареро нишон доданд, ки гуё падари ин кӯдак бошад.
Гурӯҳи бефарҳанг ва бетаҷриба ба ин ҳарфҳо бовар доранд ва Раҳмоновро чун падари Истиқлол медонанд. Дар ҳоле, ки барои ба дунё омадани ин тифл Раҳмонов рабте надошт ва ҳатто зид ҳам буд.
Савол ин ҷост, ки чи гуна падари хонадон тамоми нафаронеро, ки ба ин тафл пайванде доштанд, ба қатл мерасонад?
Чи гуна як оилаи солимро ки бо ҳазор ормонҳо бунёд шудааст пароканда мекунад?
Пас, барои ҳамагон ошкор аст, ки Раҳмонов падари Истиқлол набуда, балки баракс нафарест, ки зидди ормонҳои миллат буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.

Беҳруз Тағойзода