Пушти дарҳои баста

Раҳбари Ҳаракати сиёсии” Гурӯҳи 24″ Суҳроб Зафар 12 феврали соли 2021 дар мавзӯи ” Пушти дарҳои баста” суханронӣ намуд.

Ӯ нахуст аз ҳодисаи ” Баҳманмоҳи хунин” , ки аз он 31 сол сипарӣ мешавад, ёдовар гардид ва ба таври мухтасар дар бораи сабабҳои таърихии ин саҳифаи доғдори таърихи на чандон дури кишварамон, ки дар натиҷаи он25- 30 нафар фарзандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки ин бозии сиёсӣ барои реша задан бар пояҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби нирӯҳои беруна тарҳрезӣ ва амалӣ гардид. Вале сабабҳои воқеъии ” Баҳманмоҳи хунин” то ба имрӯз таҳқиқ нашудаанд ва аз қурбониёни ин ҳодиса имрӯз касе ёд намекунад. Ба андешаи Суҳроб Зафар давлатдорон аз ин ҳодиса сабақ нагирифтанд ва пас аз 2 соли он боз ба иштибоҳҳои бузургтаре даст заданд. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ки дар натиҷаи он беш аз 100 ҳазор нафар қурбон шудаанд ва то ба имрӯз ба ифтихори ин қурбониён мо ҳатто лавҳае нагузоштем, то номи онҳо ба боди фаромӯшӣ наравад.

Сипас Суҳроб Зафар пиромуни мавзӯи аслии суҳбаташ сухан ба миён овард ва таъкид кард, ки мавзӯи имрӯза ” Пушти дарҳои баста” давоми мантиқии суҳбати гузашта ” Тазоҳурот” буда, онро шарҳу тафсир медиҳад. Гап дар сари он аст, ки имрӯз Ҳукумати Раҳмонов ҳама дарҳо бастааст ва мардум имкон надоранд, ки арзу шикояти худро ба мақомот расонанд. Дар натиҷа онҳо маҷбур мешаванд, ки қиём кунанд. Қиём кардан маънои ба ягон курсию мансаб ва ё қудрат расидан нест, қиём кардан воситаи ба гӯши мансабдорон расонидани дарду мушкилоти мардум аст. Аммо режими Раҳмонов исбот намуд, ки ӯ ҳеҷ гуна тазоҳуротро қабул надорад. Мо дар сӯҳбати гузашта бо овардани мисолҳо ва ному насаби мушаххас дар ин бора гуфтем. Ҳар афроде, ки дар Тоҷикистон барои баргузории тазоҳуроти расмӣ ва ё ғайрирасмӣ кӯшиш намуданд, ё кушта шуданд, ё зиндонӣ гардиданд. Ва парвандаҳои онҳо ҳама пушти дарҳои баста муҳокима мешаванд, ҷомеа аз онҳо огоҳ намешавад. Ба унвони мисол метавон аз қазияи Маҳмурод Одинаев ва ҷавонони ноҳияи Хуросон ёдовар шуд. Ҳам Маҳмурод Одинаев ва ҳам ҷавонони Хуросон, ки дарди мардумро ба мақомот расондан хостанд, дар ниҳояти кор танҳо монданд ва касе аз ҳукми ноодилона нисбати онҳо сару садо баланд накард. Аҷиб он, ки ҳам Маҳмурод Одинаев ва ҳам ҷавонони Хуросон бо айби авбошӣ боздошт ва зиндонӣ шуданд. Аввал ин ки ҳам Маҳмурод Одинаев ва ҳам ҷавонони Хуросон авбош нестанд ва “гуноҳ”-и онҳо фақат эътирози онҳо ба муқобили зулму қонуншиканӣ буд. Дигар, агар онҳо авбош бошанд, пас чаро парвандаҳояшон бо тамғаи” сирри махфӣ” пушти дарҳои баста муҳокима шуданд? Тибқи қонунгузорӣ маъмулан ба он парвандаҳое тамғаи ” сирри махфӣ” мезананд, ки агар дар онҳо маълумоти сирри давлатӣ ё хонаводагиву ҷинсӣ мавҷуд бошанд. Вале дар парвандаҳои дар боло зикршуда таркиби ин ҷиноятҳо вуҷуд надоранд ва “гуноҳ”-ашон танҳо дар он аст, ки онҳо афроди ҳақгуй ва озодандшанд. Режим бо саркӯбии онҳо мехоҳад, ки ҳама бадкирдориҳову ҷиноятҳояш аз чашми мардум пинҳон монанд.

Вазъият дар Тоҷикистон сол то сол бадтар мешавад, дарҳо боз ҳам сахттар баста мешаванд, арзу шикояти мардумро касе аз мақомот хоҳиши гӯш кардан надорад. Агар нафаре садо баланд кард, бо гуноҳи” авбошӣ” пушти дарҳои баста ба зиндон равона карда мешавад. Пушти дарҳои баста имрӯз Ҳукумати Раҳмонов тақдири мову шуморо ҳал мекунад, пушти дарҳои баста онҳо аз хурдӣ бачаҳои мову шуморо дар рӯҳияи ғуломӣ ва хидмат ба режими ҷиноятпеша ва Раҳмонови хоин ва ватанфурӯш тарбия менамоянд, пушти дарҳои баста ҷавонони моро беилм ва бадахлоқ мекунанд, онҳо пушти дарҳои баста тасмим мегиранд, ки чӣ гуна моликияти моро тасарруф кунанд, онҳо пушти дарҳои баста тасмим мегиранд, чӣ гуна минтақаҳо саркӯб шаванд, онҳо пушти дарҳои баста тасмим мегиранд, ки чӣ гуна озодандешонро ба қатл расонанд, онҳо пушти дарҳои баста тасмим мегиранд, ки порчаҳои замини моро кай ва чӣ гуна ва ба кӣ фурӯшанд.

Бояд донист, ки то он замон, ки мо худамон ин дарҳоро боз накунем, режими Раҳмонов онҳоро ҳеҷ гоҳ боз нахоҳад кард ва пушти ин дарҳо ба содир намудани аъмоли ҷинояткоронаи худ идома хоҳад дод. Пас барои он ки ин дарҳо боз шаванд, бояд онҳоеро, ки сухани ҳақ мегӯянд, қиём мекунанд, танҳо нагузорем, дар атрофашон ҷамъ шавем ва дастгирӣ кунем. Танҳо дар он сурат мо аз ин варта наҷот меёбем, ки агар ин дарҳоро дар иттифоқ ва иттиҳод бишканем ва ба дохил дароем. Зеро илоҷи дарҳое, ки пушташон ба муқобили мардум танҳо ҷиноят содир мешавад, фақат шикастан аст. Мо дар сурати бо ҳам будан метавонем ин дарҳоро бишканем ва ба Озодӣ бирасем!

Дар охир Суҳроб Зафар ба савол ва зангҳои телефонии бинандагон посух гуфт.

 Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”