Эътирози тоҷикони муқими Амрико ва Лаҳистон дар робита бо қазияи Шобуддин Бадалов

    Рӯзи душанбе, 5 октябри соли равон як гурӯҳ шаҳрвандони тоҷикистонии муқими кишварҳои Амрико ва Лаҳистон дар робита бо ҳодисаи рабуда ва ба Тоҷикистон фиристода шудани узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов дар назди сафоратхонаҳои Русия дар Вашингтон ва Варшава пикетҳои эътирозӣ баргузор намуданд.
Эътирозкунандагон дар даст акси Шобуддин Бадалов ва як гурӯҳ фаъолони сиёсии аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия рабудашуда ва навиштаҷоти ” Инҳо фикр мекарданд ки дар ҷойи амн қарор доранд” ва “Инҳо аз ҷониби пулиси Русия рабуда шуданд” таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба қазияи одамрабоӣ дар Русия, махсусан ҳодисаи рабуда ба Тоҷикистон фиристода шудани фаъоли сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов ҷалб намуданд.
Иштироккунандагони пикетҳои эътирозии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Лаҳистон аз мақомоти Русия тақозо намуданд, ки ба ҳама ҷузъиёти қазияи рабуда шудани узви Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 Шобуддин Бадалов равшанӣ андохта, гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд ва меъёрҳои ҳуқуқи башарро риоя кунанд.
 
Бахши иттилоотии ” Гурӯҳи 24”