Пикети эътирозии фаъолони “Гурӯҳи 24” дар Люксембург

13 октябри соли 2020 фаъолони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ дар робита бо ҳодисаи аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия рабуда шудани узви созмон Шобуддин Бадалов дар назди сафорати ин кишвар дар Люксембург пикети эътирозӣ баргузор намуданд. Иштироккунандагони ин таҷаммуъ, ки дар даст акси фаъолони рабудашударо доштанд, бо шиорҳои ” Онҳо фикр мекарданд, ки дар кишвари амн қарор доранд”, ” Русия, ба сиёсати стандарти дугона хотима бояд бахшид!” ва ” Рабудашудагонро фурӯхтед ё тӯҳфа кардед, ба мо шарҳ диҳед?” хашму эътирози худро ба мақомот, махсусан ВКД ва Хадамоти федеролии амниятии Русия нисбат ба ин ҳодисаи нангин баён карда, ин амали хилофи қонун ва худсаронаи мақомоти амниятии ин кишварро маҳкум намуданд ва тақозо карданд, ки қазияи рабуда ва ба Тоҷикистон истидрор шудани Шобуддин Бадалов то ба охир ба таври шаффоф таҳқиқ ва баррасӣ шавад.
Қобили ёдоварист, ки қаблан аз ҷониби аъзо ва тарафдорони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва ҳамчунин ҷомеъаи шаҳрвандии тоҷикистониҳои бурунмарзӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар Олмон, Лаҳистон, Литва, Бритониё, Укроин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чунин пикетҳои эътирозӣ доир гардида буданд.
 
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” қасд дорад то пурра таҳқиқ ва баррасӣ гардидани ҳодисаи рабуда ва ба Тоҷикистон фиристода шудани узви фаъоли худ Шобуддин Бадалов ва ҳамчунин ба ҷавобгарӣ кашида шудани гунаҳкорони воқеъа ба иқдоми худ идома диҳад.
 
Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”