Паёми тасаллиятии “Гурӯҳи 24”

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” хабари фоҷиавии сайёҳони хориҷиро, ки дар қаламрави Себистони шаҳри Данғараи ҷумҳурии Тоҷикистон рух дод, ва дар натиҷаи он, 4 нафар аз дучархасаворони меҳмон кушта шуда, дуи дигар маҷрӯҳ гаштанд, шадидан маҳкум намуда, ба аҳлу пайвандони қурбониён ҳамдардии амиқи худро баён менамояд.

Бешубҳа, барои мардуми Тоҷикистон чунин амалҳои ваҳшиёна бегона буда, бо фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон ҳеч иртиботе надоранд. Барои ошкор кардани ҷинояткорони асосӣ ва равшан сохтани ин қазияи мудҳиш, саҳми ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус, мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Суис ва Ҳолланд хеле муҳим мебошад. Чун таҷрубаҳои гузашта нишон додаанд, ки режими Раҳмонов барои манофеъи худ аз ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон мегузарад, куҷо расад ба ҷони шаҳрвандони хориҷӣ.

Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, ин режими худкома омода аст, бештар аз ин, талафот гузошта, чандин саҳнаҳои дигар созад. Бинобарин, таҳқиқоти бевоситаи кишварҳои зикршуда асрори ин моҷароро ошкор хоҳад кард.

Шурои сиёсии “Гурӯҳи 24”