Паёми табрикии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати Иди саиди  Фитр

                                                                                  بسم‌‏الله الرحمن الرحیم

                                                                      «الحمد لله على ما هدانا و له الشکر على ما اولانا»

Ҳазорон офарин бар ҷонат эй моҳ,Равони ошиқон қурбонат эй моҳ,Муборак бод моҳи ишқбозон!

Ки биншинанд дар айвонат эй моҳ,

Муборак бод иди рӯзадорон!Накуёни ҷаҳон меҳмонат эй моҳ.

Инак,  моҳи Рамазон, моҳи ибодат, моҳи нузули Қуръони маҷид, моҳи зикри Худо ба поён расид.  Иди Фитр  поёни як моҳи пурбаракат ва наҷотбахш ва оғози як роҳи пурумед ва бозгашт ба аслу фитрати хеш ва бандагии Худованд аст, ки бешак баҳрагирӣ аз баракоти ин айёми саршор аз подош, башорат ва омурзиши Илоҳӣ аст.Имсол хушбахтона дар кишвари азизамон Иди саиди Фитр бо  шукӯҳ ва дар шароити муқаррарӣ таҷлил мегардад.  Дар ин рӯз мусалмонон пеш аз ҳама аз гузаштагони худ зикри хайр мекунанд ва ононро ба некӣ ба ёд меоранд. Бамаврид аст, ки мо дар ин рӯзи муборак дар ҳаққи шаҳидони воқеаҳои марзи Ворух ва сели рӯзҳои ахир  дуои хайр кунем, ба хешовандони онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил талаб намоем, ба захмбардоштагони ин воқеаҳо сиҳати комил орзу кунем ва даст ба дуо бардорем, ки дар Тоҷикистон фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо орзуи қабули тоату ибодатҳо, дар моҳи меҳмонии Худо, тамоми мусалмонони Тоҷикистон ва оламро бо фарорасии  Иди саиди Фитр табрик ва таҳният намуда, барояшон  аз даргоҳи Илоҳӣ сиҳатмандиву ободӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамояд. Бигузор мардуми Тоҷикистон ва тамоми сайёра дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ ба сар баранд ва Худованд Тоҷикистони моро ҳарчи зудтар аз зери зулму асорат озод кунад, то мардум битавонанд барои худ як зиндагии шоиста ва ободеро бунёд кунанд.Иди саиди Фитр муборак бошад!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”