Паёми табрикии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати Иди саиди Фитр

بسم‌‏الله الرحمن الرحیم

«الحمد لله على ما هدانا و له الشکر على ما اولانا»
Афсӯс, сад афсӯс, ки моҳи рамазон рафт,
Нахли тараб аз панҷаи айёми хазон рафт
Ҷону дили ман бастаи занҷири вафо буд,
Ҷону дили ман аз ману аз мулки ҷаҳон рафт.

Инак, моҳи Рамазон, моҳи ибодат, моҳи нузули Қуръони маҷид, моҳи зикри Худо ба поён расид. Иди Фитр поёни як моҳи пурбаракату наҷотбахш ва оғози як роҳи пурумед, инчунин бозгашт ба аслу фитрати хеш ва бандагии Худованд аст, ки бешак баҳрагирӣ аз баракоти ин айёми саршор аз подош, башорат ва омурзиши Илоҳӣ аст. Имсол хушбахтона дар кишвари азизамон Иди саиди Фитр бо шукӯҳ ва дар шароити муқаррарӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мусалмонон пеш аз ҳама аз гузаштагони худ зикри хайр мекунанд ва ононро ба некӣ ба ёд меоранд. Бамаврид аст, ки мо дар ин рӯзи муборак дар ҳаққи шахсоне, ки ҳукумати золими Эмомали онҳоро зиндон кард дар ин рӯзҳои ахир дуои хайр кунем ва ба хешовандони онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил талаб намоем хусусан Амриддин Аловатшоев, ки дар даҳаи иди саиди фитр ҳукумати Раҳмонов ба ӯ раҳм накард ва ба 20 солӣ зиндон маҳкум кард.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо орзуи қабули тоату ибодатҳо, дар моҳи пурбаракати Рамазон, мардуми Тоҷикистон ва тамоми мусулмонони ҷаҳонро бо иди саиди Фитр (Иди Рамазон) муборакбод мегӯяд. Аз Аллоҳи мутаъол дуо карда мепурсем, ки ибодатҳо, рӯзадорӣ ва амалҳои солеҳе, ки дар ин моҳи шариф баҷо овардаем ба даргоҳаш қабул бифармояд.
Ба душвориҳо ва изтиробҳое, ки ба сари ин Уммат омадааст нигоҳ накарда, мусулмонони тамоми ҷаҳон як бори дигар фармонбардорӣ ва фурӯтании худро ба Офарандааш нишон додаанд. Рӯзона рӯзадор буда, шабҳо дар тоат ва дуогӯӣ мегузаронданд.
Аз Аллоҳи Таъоло таманои онро мекунем, ки ба тамоми муслимини ҷаҳон офият ато намояд, инчунин Уммати Муҳаммад (с) ро аз бедодгарии ҳокимони золим ва аз зарари душманонаш наҷот диҳад ва дар паноҳи худ нигоҳ дошта он азизие, ки ин Уммат ба он лоиқ аст баргардонад.
Иди саиди Фитр муборак!


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”