Омори дурӯғин ва тақаллубӣ дар ҳисоботи солонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон

 Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон маъмулан дар оғози ҳар сол дар қатори дигар ниҳоду вазоратхонаҳои кишвар аз натиҷаи фаъолияти яксолаи худ ҳисобот медиҳанд ва дар ин робита нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Маъракаи имсолаи ин ниҳодҳо, ки 2 феврал баргузор шуд, аз лиҳози саҳнасозӣ ва сохтакорӣ аз маъракаҳои солҳои гузашта фарқе надошт ва аксаран аз омори дурӯғин иборат буд. Ҳам дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои дохилӣ суҳбат асосан дар атрофи факту рақам давр зад ва пеши назари ҳам рӯзноманигорон, ҳам мардум ва ҳам Ҳукумат чунин таассурот ҳосил гардид, ки фаъолияти ин ниҳодҳо воқеан ҳам сол аз сол рушд намуда, беҳтар мегардад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузориши худ, дар қатори ба забон овардани омори зиёде аз фаъолияти яксолаи худ, ҳамчунин таъкид кард, ки дар соли гузашта садҳо аъзои гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, аз ҷумла аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” “аз кардаи худ пушаймон шуда, ихтиёран ба Ватан баргаштанд”. Ба дурӯғ будани ин омор, мисли омори соли гузаштаи вазорат шакку шубҳае нест. Зеро, “Гурӯҳи – 24” ҳама вақт аз нопадид ва ё боздошт шудани аъзои ҳаракат расман дар сомонаи худаш хабар медиҳад ва ҳеҷ чизро пинҳон намедорад. Соли 2021 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” танҳо аз нопадид шудани намояндааш дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон хабар дода буд. Ин матлабро раҳбари ҳаракат Суҳроб Зафар ҳам дар суханронии худ дар поёни соли гузашта таъкид кард.

Бо овардани чунин омори дурӯғин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон якчанд ҳадафро пайгирӣ мекунанд. Аввалан, онҳо ба ҳамин восита пеши Ҳукумат ва мардум аз натиҷаи кори худ ҳисобот медиҳанд. Баъдан, бори дигар таъкид карданӣ мешаванд, ки Ҳукумати Раҳмонов қодир аст мухолифини худро бо ҳар роҳ боздошт ва ба зиндон равон кунад ва бо ҳамин восита ба ҳама интиқодгарон ва мухолифини худ тамғаи ифротгаро ва террорист зада, дар дили мардум тарсу ҳарос ҷой диҳанд. Ва ниҳоят, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вонамуд созанд, ки Ҳукумати Раҳмонов ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм мубориза мебарад ва ба ин восита кӯмаку грантҳо дарёфт кунанд.

Як нишонаи дигари сохтаву тақаллубӣ будани омор ва ҳисоботи раҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боз дар духела будани ҷавоби Прокурори генералӣ ва Вазири корҳои дохила дар нишасти имсола, вақте аввалӣ гуфт: Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд, дувумӣ бошад: Аловатшоев ба Тоҷикистон омад ва баъд боздошт шуд, зоҳир шуд.

Маълум аст, ки ба сифати кори ниҳоди давлатӣ танҳо бар асоси омор ва факту рақам баҳогузорӣ кардан ғалат ва хандаовар аст, зеро факту рақам ҳеҷ гоҳ нишонаи сифати кор буда наметавонад. Баъдан, агар омор ҳамчун далел оварда шавад, он бояд ба ҳақиқат наздик бошад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон огоҳанд, ки сохтакорӣ, дурӯғ ва тақаллуб ба яке аз принсипҳои асосии фаъолияти тамоми зинаҳои сохтори режими хонаводагӣ, аз Раҳмонов ва Сарвазир сар карда, то мақомоти поёнии ҳукумат табдил ёфтааст. Вале, “умри дурӯғ кӯтоҳ аст”- гуфтаанд. Рӯзи суқути Ҳукумати тақаллубӣ наздик аст!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”